Навгонӣ

(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дар манзили собиқадорони ҷанг меҳмон шуд.Дар шаҳри Хуҷанд аз оғози ҳафта чорабиниҳои идона бахшида ба 70 солагии Ғалабаи халқи шӯравӣ аз болои фашистони истилогар оғоз ёфт.
Қисмати дуюми рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба табрик ва аёдати иштирокдорони ин ҷанг рафт.
Раҷаббой Ахмадзода ба манзили иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ,- Мамадхон Ишонов, Ӯрунов Ҷурабой, Самеъ Ҷалилов ва Маҷид Ғаниев омад. Раиси шаҳр ин мардони фидокорро бо фарорасии Иди Ғалаба  табрик намуда, таманниёти неку орзуҳои самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба хотири ин санаи фархунда ба онҳо расонд.

(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Табрикоти Раиси шаҳр ба муносибати Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашонҲамшаҳриёни азиз!
Иди баҳору меҳнат ва Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашонро барои ҳар яки Шумо ва тамоми сокинони диёрамонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрик намуда, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар кору зиндагии ҳамарӯзаатон комёбиҳо орзу менамоям.
Ин иди умумиҷаҳонӣ на танҳо санаи 1 май дар айёми зебои сол ҷашн гирифта мешавад, балки гузашта аз ин, таҷассуми олитарин арзишҳои инсонист, ки меҳнаткашони тамоми ҷаҳонро новобаста аз миллату халқият ва наҷод ба дӯстиву рафоқат ҳидоят менамояд. Қиммати ин иди умумибашариро тоҷику тоҷикистонӣ, ки дар гузаштаи начандон дур парокандагиҳои халқу миллатро дида, туфайли иродаи қавӣ ва ақли солими худ боз ба ҳам омадааст, нащз медонад.

(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Боздиди Раиси шаҳр аз таълимгоҳ ва корхонаи саноатӣЭҳёи ҳунарҳои қадима ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ як аз иқдомҳои созандаи Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ буда, татбиқи он ба зиммаи МИҲД шаҳру навоҳии вилоят вогузор шудааст.
Ногуфта намонад, ки ба татбиқи ин ҳадафи созандаи Роҳбари вилоятамон чун анъана пеш аз ҳама дар маркази вилоят чораҳои зарурӣ андешида шуданд.  Маркази таълимӣ-истеҳсолии «Шероз» бо иштироки Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шд.
Ҳадафи асосии боздиди кории Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз Литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи таълимӣ-истеҳсолии «Веттоҷ» огаҳ будан аз рафти иҷрои дастури Роҳбари вилоят дар самти эҳёи ҳунарҳои қадима дар ин ду муассиса буд.

(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ободӣ дар кӯчаи Шариф Раҷабов идома дорад.Дар кӯчаю хиёбонҳои маркази вилоят корҳои мумфаршкунӣ рӯз аз рӯз вусъат мегирад.
Имрӯз роҳсозони идораи «Суғдроҳ» қисмати дигари кӯчаи ба номи Шариф Раҷабовро оғоз намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба маҳаллаи «Раззоқ» омада, аз рафти корҳои ободонии кӯчаи мазкур огоҳ шуд.
То имрӯз бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Хуҷанд ва иштироки фаъолонаи сокинон зиёда аз як километр роҳ таъмири пурра гардида, давоми ду рӯзи дигар роҳсозон ният доранд, боз наздик се ҳазор метри мураббаъ асфалт хобонанд.
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соли равон зиёда се келометр роҳи маҳаллаи мазкур аз таъмири хушсифат бароварда шуда, боз таъмири ҷории чанд кӯчаҳои ин маҳалла пешбинӣ шудааст.

Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд насиби дастаи «Мевағул» шуд.Аз санаи 9 то 28 апрели соли равон дар майдончаи сунъи Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №1-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба футболи-хурд байни наврасони маҳаллаҳои маркази вилоят, ки соли таваллудашон 2000-2002 аст, баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 200 нафар варзишгар аз 15 маҳаллаҳо, ширкат варзиданд.
Дар натиҷа ҷойи якум ва Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷандро дастаи футболбозони навраси маҳаллаи Мевағул (13-18мкр) соҳиб гаштанд.
Ҷойҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои маҳаллаҳои «Сайхун» ва дастаи маҳаллаи «1-уми Май» мутаносибан ишғол намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби доварон ва мухлисон бозингарони беҳтарин муқаррар карда шуданд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...