Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мусобиқаи боксчиён барои мукофоти Исмоил Ҳамзаалиев оғоз гардид.Дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи анъанавии байналхалқӣ оид ба бокс ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев оғоз ёфт.
Ин мусобиқа тибқи Қарори Раиси вилояти Суғд санаҳои 25-29 ноябр баргузор гашта дар он варзишгарони вилоятҳои Бадахшони Кӯҳӣ, Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе ва ҳамчунин варзишгарон аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд.
Дар маросими кушодашавии ин чорабинии  варзишӣ муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Назира Ғаффорӣ паёми табрикии Раиси  вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба иштирокдорон ва варзишгарони ин мусобиқаи анъанавӣ расонда изҳори боварӣ намуд, ки ин мусобиқа барои таҳкиму рушди ин намуди варзиш мусоидат хоҳад кард.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

«Хуҷандатлас» шӯҳрати атласи тоҷикро боло бурданистПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади  эҳёи анъанаи суннатҳои мардумӣ ва ҳунармандӣ, инчунин таъмини талаботи сокинони мамлакат ба матои атласу адрас ба роҳбарияти шаҳру вилоят ва коргоҳи «Хуҷандатлас» дастуру супоришҳои мушаххас дода буд. Ҳамчунин ҳангоми боздиди кории худ аз корхонаи муштараки «ВЕТТОҶ» яке аз мавзӯҳои баррасишуда ин коркарди ашёи хом,- пилла дар коргоҳҳои маҳаллӣ буда барои густариши соҳаи саноати сабук, бештар намудани ҳаҷми истеҳсолоти коргоҳҳои коркарди маҳсулот ва истеҳсоли матои адрасу атлас ҳамзамон роҳандозии фаъолияти мутакобилан судманди корхонаҳои «ВЕТТОҶ» ва «Хуҷандатлас» буд.
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи имрӯзаи коргоҳи «Хуҷандатлас» Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода дар ҳамроҳии роҳбарони вохидҳои сохторӣ, масъулини корхонаи коркарди пиллаи «ВЕТТОҶ» ба коргоҳи «Хуҷандатлас» омад.

Мусобиқаи байналмилалии боксчиён оғоз мегардад.Дар шаҳри Хуҷанд боз як мусобиқаи сатҳи байналмиллалӣ оғоз мегардад.
Санаҳои 26-29 ноябри соли 2015 дар «Қасри варзиш» - и маркази вилоят мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба бокс ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев баргузор мегардад.
Дар мусобиқа варзишгарон аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшони Кӯҳӣ  иштирок менамоянд.
Ин мусобиқаи бонуфуз аз соли 1970 доир гашта, беҳтарин  муштзанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёро ҷамъ меорад.
Маросими кушодашавии мусобиқа санаи 26 ноябри соли 2015 соати 14:00.

Таҷлили Рӯзи парчам дар донишгоҳ.

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар маҷлисгоҳи бинои асосии донишгоҳ чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати меҳмонон, профессорону устодон ва донишҷўён баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўрабоев ба кори маҳфил ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро бо Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. Қайд гардид, ки Парчами мо рамзи давлатдорӣ, истиқлолияти миллӣ ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

(5 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Иди парчами миллӣ дар Хуҷанд бо шукӯҳ таҷлил гардидДар шаҳри Хуҷанд Рӯзи парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо тантана таҷлил гардид.
Субҳи барвақт наздик наздики 15 ҳазор ҷавонон бо парчами миллии 500 метра аз мавзеи «Гулбаҳор»- хиёбони И. Сомонӣ роҳпаймоии идонаро оғоз намуданд. Дар сафи пеш наврасони дучархасавор ва картингронон бо парчами миллӣ иштирокдорони роҳпаймоиро роҳбаладӣ намуданд.
Иштирокдорони роҳпаймоӣ бо шиорҳои «Парчами Тоҷикистон парафшон бод!», «Поянда бош Тоҷикистон» ва ғайра то маркази баргузории чорабиниҳои идона, пояи Парчами Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Мақомоти иҷрояи ҳокимитяи давлатии вилояти Суғд омаданд. Баъдан дар мавзеи номбурда бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд, фаъолон, собиқадорони меҳнат ҳамоиши тантанавӣ  баргузор гардид.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...