Навгонӣ

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!
Таърихи халқияту миллатҳои ҷаҳон санаҳои муҳим ва ҳаводисеро медонад, ки аҳамият ва арзиши онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати бебаҳои ин ё он миллат баландтар мегардад. Чунин санаи барои мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиму сарнавиштсоз Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. Воқеан, 27 июни соли 1997 рӯзи муборакест, ки дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёди мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Ин санаи тақдирсозе аст, ки бо маънии томаш ҳамчун санаи саодатофарин ва ощози созандагиҳои бузург мебошад. Дар ин рӯзи саид пас аз қаҳрамониҳову ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Ба эҳтиёҷмандон аробачаи маюбӣ тӯҳфа карда шуд.Бо мақсади расондани кӯмак ва дастгирии оилаҳои ниёзманд ва бехтар намудани  зиндагии ниёзмандон аз ҷихати ҷисмонӣ, ичтимоӣ ва иқтисодӣ бо иштироки фаъоли худи онхо, Бахши агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Хуҷанд корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад. Бо мақсади кӯмак расондан барои дастрас намудани аробачаи маюбӣ давоми моҳи равон 6 нафар сокинони эҳтиёҷманд  ба бахши мазкур муроҷиат намуда буданд. Оғози ҳафтаи ҷорӣ Бахши агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии хайриявии «Operation Mercy» ба ду нафар аз ин муроҷаткунандагон Турсуной Саманадароваи 87 сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Стаханов 27 /16 ва Обидов Ҷовидҷон 11 сола сокини маҳаллаи 20 хонаи № 16 хучраи № 64 аробачаи маюбӣ дастрас карда шуд.

Истироҳатгоҳи «Парвоз» дари хешро ба рӯи толибилмон боз намудБасти якуми истироҳатгоҳи беруназшаҳрии тобистонаи кӯдакону наврасон - «Парвоз» бо фарогирии 150 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарастор ба фаъолият шурӯъ кард. Дар рӯзи кушодашавии истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Бурҳонзода Муродӣ, мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Султонов И.И., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи шаҳри Хуҷанд Дадобоев Ғ.Ҷ., намояндагони шуъбаи маориф ва волидайни истироҳаткунандагон иштирок доштанд.
Сараввал сармураббияи истироҳатгоҳ Тошматова Саодат муждаи сардорони дастаҳоро қабул намуд. Сипас муждаи сармураббияи урдугоҳ ба сардори истироҳатгоҳи «Парвоз» Камолов Муқим расонида шуд.
Баъд аз расонидани мужда Парчами иттиҳодия дароварда шуда, аз ҷониби истироҳаткунандагон Суруди миллӣ хонда шуд. Сардори истироҳатгоҳ чорабиниро кушода гуфта, меҳмононро муаррифӣ намуда, сухани табрикотиро ба муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Бурҳонзода Муродӣ дод.

Кучаи навбатӣ дар маҳаллаи «Навбаҳор» мумфарш мешавад.Дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд корҳои ободонӣ ва таъмири роҳҳои маҳаллаҳо вусъати тоза мегирад.
Иҷрокунандаи вазифаи  Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии яке аз кӯчаҳои маҳаллаи «Навбаҳор»,-кӯчаи «15 солагии Истиқлолият» ширкат намуд.
Кормандони идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд ният доранд давоми ҳафтаи равон кӯчаи ин маҳалларо пурра аз таъмири куллӣ ва бо сифат бароранд.
Масофаи умуми кӯча 350 метр буда, масоҳати умумии корҳои мумфаршкунӣ 17,25 метри квадратиро ташкил медиҳад.
Маблағи умумӣ бошад бештар аз 108 ҳазор  сомониро ташкил дода, наздики 20% ин маблағ аз ҳисоби сокинони кӯчаи зикргардида, ҷамъоварӣ шудааст.

Шарифзода Шариф Файз вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд интихоб гардид.Мувофиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд санаи 19 июн дар ҳавзаи интихоботии № 19 «Дониш» ба ҷойи вакили хориҷшуда интихоботи миёндаврӣ барои интихоби вакили  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Дар хавзаи мазкур ду нафар номзад ба вакилӣ ба қайд гирифта шуда буданд. Мувофиқи қарори ҳавзаи интихоботии мазкур иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ва мудири боғчаи бачагонаи № 33 Муаттара Мамадҷонова  ба рӯйхати овоздиҳӣ ворид карда шуда буд.
Чуноне, ки масъулини ҳавзаи интихоботии мазкур маълумот доданд, рӯзи гузашта дар ин ҳавза интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланди фаъолнокӣ доир гашта, бештар аз 90% сокинон-интихобкунандагон ширкат намуданд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...