Навгонӣ
04 Июн 2016
Тавре аз рӯи маълумоти пешниҳоднамудаи шӯъбаи умумии Дастгоҳи Раиси шаҳр бармеояд, имрӯз бо арзу дархости худ ба Раиси шаҳр Шариф Шарифзода 35 нафар бошандагони минтақаҳои гуногуни шаҳр муроҷиат карданд. Мӯҳтавои муроҷиати сокинонро асосан кӯмаки моддию молиявӣ ташкил медод. Ҳамчунин бошандагон бо масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, беҳтар намудани шароити манзил, ҷойгир шудан ба хобгоҳ, кӯмак кардан дар сохтмони манзили истиқоматӣ, таъмири манзил, ҷойгир кардани фарзандон ба боғчаи бачагона, таъсиси ташкилоти ҷамъиятӣ ва ғайра муроҷиат карданд.
Муфассал... Шарҳ додан