Навгонӣ
18 Июн 2016
Дар он беш аз 260 нафар меҳмонон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, давлати Полша иштирок доранд. Дар доираи ярмарка дар Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд Анҷумани доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар мавзўи «Рушди соҳаи истеҳсоли маводи озуқа ва трансферти технологияҳои муосир» баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии он Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки тайи солҳои охир роҳбарияти вилоят дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иқтисодиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Коргоҳҳои нави саноатӣ таъсис ёфтанд, дар соҳаи кишоварзӣ бошад, дар натиҷаи гузарондани таҷдиди сохтор ҳазорҳо хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ ташкил шуданд.
Муфассал... Шарҳ додан