Навгонӣ

Ганҷи сухан бахшида ба Рӯзи ВаҳдатДирӯз нишасти 140-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Донишгоҳи давлатии Хучанд ба номи академик Б,Ғафуров бо ширкати 200 нафар ихлосмандони каломи бадеъ баргузор гардид. Масъули маҳфил номзади илмҳои суханшиносӣ дотсент Саидумрон Саидов дар ибтидо ҳозиринро бо фарорасии ҷашни бузурги миллӣ Рӯзи Ваҳдат муборакбод  намуд ва бо барномаи навбатии маҳффил ҳозиринро ошно кард.

Дар шаҳри Хуҷанд имкониятҳои вилоят муаррифӣ мешавадИмрӯз дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд-2016» оғоз гардид.
Дар  он беш аз 260 нафар меҳмонон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, давлати Полша иштирок доранд. Дар доираи ярмарка дар Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд Анҷумани доираҳои  соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар мавзўи «Рушди соҳаи истеҳсоли маводи озуқа ва трансферти технологияҳои муосир» баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии он Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки тайи солҳои охир роҳбарияти вилоят дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иқтисодиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Коргоҳҳои нави саноатӣ таъсис ёфтанд, дар соҳаи кишоварзӣ бошад, дар натиҷаи гузарондани таҷдиди сохтор ҳазорҳо хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ ташкил шуданд.

(1 овоз, миёна 4.00 аз 5)

«Зиндаёд Қаҳҳор Махкамов дар тӯли умри худ дар куҷое, ки кор накард, донишу таҷрибаи худро танҳо барои рушду тараққиёти Тоҷикистон бахшид. Ӯ чун шаҳрванди оддӣ, мутахассиси варзида ва роҳбари ғамхор дар хотири халқ абадан боқӣ хоҳад монд».

Эмомалӣ Раҳмон

Мусоҳибаи охиринҚаҳҳор Махкамов: ман аз Хуҷандӣ буданам ифтихор дорам.
Ин сӯҳбати камина бо ходими давлатию ҷамъиятӣ, сиёсатмадори варзида, нахустпрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инсони асил ва соҳибдил Қаҳҳор Махкамов соли гузашта имшабу рӯзҳо бо сабаби иншои китоб бахшида ба 90-солагии ходими давлатию ҳизбӣ Рифъат Ҳоҷиев баргузор шуда буд.
Мавсуф  Рифъат Ҳоҷиевро устоди хеш дар фаъолияти роҳбариаш дониста баробари нақли аҷиб аз рӯзҳои ҳамкориашонлаҳзаҳои дигари зиндагиаш, хусусан қадамҳои аввалин дар ҷодаи кори роҳбарӣ ба ҳайси раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Ленинобод (1961-1963) ва рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда буд, ки мухтасари онро манзури хонандаи гиромиқадр мегардонем.
-Қаҳҳор Махкамович! Мехостам рӯзҳои фаъолияти худро дар кори сарварии шаҳри Ленинобод ёдовар шавед?
-Пеш аз ҳама ман бо забони дароз ва ифтихор мегӯям: ман аз хуҷандӣ буданам ифтихор мекунам. Ифтихор ва сарбландӣ аз он дорам, ки ман маҳз дар ин гӯшаи зебоманзару биҳиштосои кишварамон ба дунё омада ба кмол расидаам.
Тақдиру насиб будааст, ки соли 1957 баъди хатми Донишкадаи кӯҳии шаҳри Ленинград фаъолияти меҳнатиамро дар кони ангишти Шӯроб ба сифати сардори участкаи ҳаводиҳӣ (вентелятсия) оғоз карда то соли 1961 то ба дараҷаи сардори кони ангишти Шӯроб шуда кор кардам. Соли 1961 бошад, маро бо тавсияи комитети вилоятии партия ба вазифаи раиси комиҷроияи шаҳри Ленинобод таъин карданд, ки дар ин вазифа то соли 1963 кор кардам.

Мулоқоти Раиси шаҳр бо Сафири Ҷумҳурии БелорусДар доираи баргузории Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд-2016» иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хучанд Шарифзхода Шариф Файз бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов ва ҳайати намояндагии соҳибкорону роҳбарони ташкилоту муассисаҳои кишвари Белорусро ба ҳузур пазируфт.
Нахуст Шарифзода Шариф Файз меҳмононро хайрамақдам гуфта, бо вазъи имрӯзаи ҳаёти шаҳрдорӣ ва имкониятҳои иқтисодии шаҳр ошно намуд.
Зикр гардид, ки баъди ба имзо расидани созишномаи ҳамкории бародаршаҳрии Хуҷанду Могилев робитаи гуногунсоҳаи ин шаҳрҳои саноатӣ ба сатҳу сифати нав бароварда шуд.
То имрӯз ҳамкории Коргоҳи «Могилевлифтмаш», «Могилевдрев» ва Муассисаи сабзкории ин шаҳр бо шарикони тоҷикистонии худ шаҳодати гуфтаҳои болост.

Ҷавондухтари зеботарини Хуҷанд муайян шуд.Бо мақсади эҳё намудани анъанаҳои милли, тарбияи маънавию эстетикии ҷавонон, эҳтиром ва муҳаббат нисбат ба зан, ҳусну ҷамол, тарзи муомилаву завқи либоспушӣ, мустаҳкам намудани тарбияи зебопарастӣ ҷавонон, бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар Маркази зебоӣ  ва ҳусни «Шоира-люкс» озмуни «Маликаи сол-2016» баргузор гардид.
Дар озмун ҳашт нафар ҷавондухтарони касбу кори гуногун,- Гулрӯ Исмоилова - донишҷӯи донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, Мавзуза Нормухамедова – донишҷӯи Донишкадаи политехники Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи ак. М.Осимӣ, Парвина Қурбонова - хонандаи Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ № 16, Заррина Сатторова - донишҷӯи ДДХ ба номи академии Б. Щафуров, Ҷамолби Сафиева - донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва Сайфура Нозимова - хонандаи Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ № 22 ширкат намуданд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...