Навгонӣ
30 Январ 2017
Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳайати васеи рӯзноманигорон ва Раёсати муассиса нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 12 нафар рӯзноманигорони васоити ахбори оммаи вилояти Суғд ширкат варзиданд.
«Бояд қайд намуд, ки кулли донишҷӯёни Донишкада аз рӯи шакли таълими шарномавӣ таҳсил менамоянд. Аз ин лиҳоз онҳо баъд аз хатми Донишкада дар асоси шартномаҳои тарафайн ва иштирок дар озмунҳо бо ҷои корӣ таъмин мешаванд. Мавриди зикр аст, ки аввалин гуруҳҳои таҳсил бо забони англисӣ соли таҳсили 2009-2010 таъсис дода шуда буданд. Соли 2014 ин гуна гурӯҳро-18 нафар, соли 2015-40 нафар, соли 2016-48 нафар хатм намуданд ва ҳамаи онҳо дар ташкилотҳои байналхалқии дар ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ фаъолияткунанда бо ҷои корӣ таъмин гаштанд» -дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ директори донишкада, номзади илми иқтисод, дотсент Рауф Олимӣ иттилоъ дод.