Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Вазифаҳо дар соли ҷавононВазифагузориҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз назди роҳбарони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вобаста ба эълон гаштани “Соли 2017- соли ҷавонон”:
1. Дастуру супоришҳое, ки дар Паёми  Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҷавонон зикр гардидаанд омӯзиш ва дар амал татбиқ карда шаванд.
2. Нақша - чорабиниҳои баргузории Соли ҷавонон дар раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳия ва тасдиқ карда шавад.
3. Бахшида ба эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии шаҳр Озмуни беҳтарин ҷавони соҳа эълон карда шуда, ғолибон дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр қадрдони карда шаванд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳр бо ҷавонони фаъолИмрӯз дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии Раиси шаҳри Хуҷанд бо ҷавонон вобаста ба эълон гардидани соли 2017 - Соли ҷавонон баргузор гардид.
Баъди суханони ифтитоҳии мудири Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов, Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз доир ба вазифаҳои ҷавонон ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкилу гузаронидани чорабиниҳои Соли ҷавонон ва вазифаҳои минбаъдаи онҳо суханронӣ намуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки боварӣ ва эътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, имрӯз аз ҳар як нафар ҷавон дар ҳамаи самтҳои фаъолият масъулияти баланди хештаншиносиро тақозо намуда, ҳар яки моро дар масъалаи истифодаи самараноки нерӯи созандаи ҷавонон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва соҳибмаърифат, тарғибу ташвиқи пайвастаи донишандӯзӣ ва камолоти ҷисмониву маънавии ҷавонон, тарзи ҳаёти солим, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ байни ҷавонон ва ҷомеа ҷиддан вазифадор менамояд.

(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз НаврӯзСубҳи рӯзи якшанбе тамоми мардуми шаҳри Хуҷанди бостониро садои доираву карнай ва сурудумусиқӣ ба макони таърихӣ,- муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» барои  таҷлили яке аз идҳои аҷдодию миллиамон “Иди Сада” даъват намуд. Дар  таҷлили ин иди хуҷастапай муовини Раиси вилояти Суғд Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф  Файз, сокинони шаҳр, олимону зиёиён, устодону муҳассилини макотиби оливу миёна ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ширкат намуданд. Дар мавзеҳои гашти оммавӣ дар гӯшаҳои махсус 15 нафар занони ҳунарманд,- гирандагони гранти Раиси шаҳри Хуҷанд бо маҳсулоти ҳунарии худ, рассомону ороишгарон бо асарҳои рӯи қоғаз кашидашуда, 400 нафар варзишгарони ҷавон бошад бо барномаи махсуси варзишӣ ва беш аз ҳазор нафар хонандагону тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ҳамроҳи омӯзгорони худ ҳунари истеъдоди худро манзури иштирокдорони ин чорабинӣ намуданд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Муроҷиатномаи ҷавонони шаҳр дар мулоқоти Раиси шаҳри ХуҷандДар Паёми Сарвари кишвар, ки санаи 22 декабри соли 2016 ироа гардид, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷавонони бо нангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017, Соли ҷавонон эълон гардид,  ки ин эътимоду боварии Сарвари давлат ба масъулияту ташаббусҳои тамоми ҷавонон кишвар мебошад. Ин иқдоми шоистаи Сарвари давлат, дар таҳкими худшиносии миллӣ, худогоҳиву ҳисси ватандӯстии онҳо обутоби сиёсиву ҷисмонии насли ояндасоз ҳамаҷиҳата мусоидат мекунад.

Мусобиқаи футболобозони наврас,-«Бойчечак» ба анҷом расид.Тибқи нақша чорабиниҳои якҷояи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Шӯъбаи маориф, Федератсияи футболи шаҳр ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли ҷавонон ва дар доираи таътили зимистонаи мактаббачагон Мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид футбол барои дарёфти мукофоти «Бойчечак - 2017» байни толибилмони муассахои таҳсилоти миёнаи умуми аз санаи 4 то 28 январи соли 2017 дар майдони варзишии Мактаби варзишии № 1 баргузор гардид.
Мусобиқаи ниҳоӣ чунин дастаҳои футболбозони наврасро аз рӯи се синну сол ғолиб муайян намуд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...