Навгонӣ

Чемпионати шаҳри Хуҷанд оид ба намуди бокс байни ҷавонон ва калонсолон.Тибқи иҷрои нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар соли 2017, санаҳои 8-10 феврали соли равон Чемпионати шаҳри Хуҷанд оид ба намуди бокс байни ҷавонон ва калонсолон бахшида ба соли ҷавонон  ва  Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Мақсад аз баргузории чемпионати мазкур тарғиби варзиши намуди бокс, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ ва интихоби варзишгарони беҳтарин ба дастаи яккачини шаҳри Хуҷанд барои иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ мебошад.
Чемпионат мутобиқи қоидаҳои амалкунандаи АИБА дар вазнҳои 49кг, 52кг, 56кг, 60кг, 64кг, 69кг, 75кг, 81кг, 91кг, 91+ бо формулаи 3 навбат 3 дақиқагӣ гузаронида шуда дар он 45 нафар варзишгарон иштирок намуданд.

Мулоқоти ҷавонони синни тодаъватии ҳарбӣ бо сарбозону афсарони қисми низомӣ.Имрӯз мувофиқи нақша чорабинии якчояи шуъбаи маориф, комиссарияти ҳарбӣ ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд бахшида ба  эълон гаштани соли 2017 – «Соли ҷавонон» ва 24 солагии таъсисёби Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҷавонони синни то даъватии ҳарбӣ бо сарбозону афсарон баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 нафар хонандагони синфҳои болои макотиби шаҳр иштитрок намуда, аз шароити зист, ошхона ва лавозимоти ҷангии  сарбозону хизматчиёни ин қисми низомӣ дидан ошноӣ пайдо намуданд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шариф Шарифзода: Ҳифзи марзу бум вазифаи қонунии мост!Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машварати Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода бо масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони комиссариати ҳарбӣ, сардорони мизи ҳарбӣ, аъзои комиссияи даъват ба ҳарбӣ, роҳбарони мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид. Дар машварат натиҷаҳои ҷамъбасти даъвати шаҳрвандони соли таваллудашон 1989-1998 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд баррасӣ шуд ва вобаста ба ин мавзӯъ муовини аввали Раиси шаҳр, раиси комиссияи даъват-Хайрулло Ғайбуллозода маърӯза кард. Мавсуф оид ба чорабиниҳои муташаккилона роҳандозӣ гаштани даъвати тирамоҳии соли 2016 изҳори назар намуд. Ӯ гуфт, ки ҳанӯз аз санаи 2 август омӯзиши даъватшудагон ва тақсимоти даъватномаҳо дар кумитаи маҳаллаҳо бо вобастакунии шахсони масъул гузаронида шуд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Сабзкориҳо дар хиёбони Истиқлол идома дорад.Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандони тамоми сохторҳои мақомои маҳаллӣ, хоҷагию коммуналӣ, кабудизоркунӣ ва ободонӣ шанбегии умумишаҳрӣ доир гардид.
Мувофиқи нақшаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз субҳи имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар хиёбони Истиқлол корҳои ниҳолшинонӣ ва тахту ҳамвор намудани майдонҳои барои сабзкорӣ пешбингашта идома ёфт. Дар мавзеи омодагашта иштирокдорони корҳои ободонӣ бештар аз 100 бех ниҳолҳои навъи санавбар ва ардач шинонда, ният доранд давоми рӯз шумораи ин ниҳолҳои сояафканро дар шафати хиёбони мазкур то ба 300 бех расонанд.

Аксияи «Салом! Модар ман туро дӯст медорам!»Тибқи дастури Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба эълон гардидани «Соли 2017 – Соли ҷавонон» Аксияи тарбиявӣ таҳти унвони «Салом! Модар ман туро дӯст медорам» дар маркази шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.
Аксияи мазкур дар ҷойҳои аҳолинишини шаҳр баргузор гардида, аз ҷониби 20 нафар волонтёрони назди бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.
Мақсад аз баргузориии Аксия ин беҳдошти тарбияи маънавии ҷавонон, ҳурмату эҳтиром нисбати модар ва волидайни худ мебошад.
Аксияи мазкур 4 соат давом дода дар он наздик 70 нафар шаҳрвандон ба модарони хул  паёми меҳрубонӣ  расонданд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...