Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқот бо ҷавонон бахшида ба Соли ҷавонон Дирӯз, 21 феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси нақшаи – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқот бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур Шарифзода Шариф Файз раиси шаҳри Хуҷанд, Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Раъно Бобоҷониён муовини раиси ҲХДТ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, Дилрабо Мансурова, Ҷаббор Ахмедов, рӯзноманигорон ва зиёда аз 300 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Нахуст, Шарифзода Шариф Файз раиси шаҳри Хуҷанд ба сухан баромада, иброз намуд, ки мулоқоти мо дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки ҷавонони саодатманди кишвар аз эълон гаштани Соли ҷавонон истиқбол намуда, бо ғайрату илҳоми тоза ҷиҳати татбиқи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои Соли ҷавонон саъю талош доранд.

Мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» баргузор гардид.Тибқи нақшаи чорабинии якчояи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шӯъбаи маориф, қомиссари ҳарбӣ ва Иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсиалистии шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» байни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр багузор гардид.
Дар ин мусобиқа 12 даста аз рӯи намудҳои ҳаракатҳои сафӣ ва иҷро кардани амалиётҳои сафгардии  даставӣ,давидан ба масофаи 100 метр, ҳаво додани норинҷак ба масофа, кашидани вазн, вазнбардорӣ (16кг), ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани қисмҳои яроқи навъи АК,тирҷойкунӣ ба тирдон,тирпарронӣ аз туфанги пневматикӣ дар масофаи 10 метр,  омодагии ҳарбию варзишии худро намоиш доданд.

(2 овоз, миёна 3.50 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд бо соҳибкорони муваффақ.Дар тарабхонаи «Ҷавонӣ» Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз бо соҳибкорони муваффақи маркази вилоят мулоқоти корӣ анҷом дод.
Дар он бештар наздик 150 нафар соҳибкорон, роҳбарони корхонаю ташкилот ва ширкатҳои истеҳсолию молӣ иштирок намуданд.
Сараввал Раиси шаҳр зикр намуд, ки ки дар партави нишондоди Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, ки дар самти пешрафти ин соҳа дар шаҳри Хуҷанд корҳои назаррасро ба анҷом расонад.
Зимни баромади хеш Шариф Шарифзода ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва пурзӯр намудани иқтидори содиротии кишвар, васеъ намудани доираи фаъолияти корхонаҳои саноатии мавҷуд буда, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ворид намудани технологияҳои муосир ва ба роҳ мондани истеҳсолоти маҳсулоти тайёр аз ашёи хоми маҳаллӣ таъкид намуд.

Намоиши “Мо ҳимоягарони Ватан” дар мактаби рассомӣБахшида ба ҷашнгирии солгарди Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби  рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд намоиши эҷодиёти хонандагони мактаб бо номи “Мо ҳимоягарони Ватан” баргузор гардид. Маросими ифтитоҳи ин намоиш бо иштироки ҷанговарони байналмиллал баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин омӯзгорон ва хонандагони Мактабҳои санъати №1 ба номи Лоиқ Шералӣ ва Мактаби санъати №3 бо эҷодиёти хонандагони худ иштирок намуданд.
Барои ҳаводорон ва дӯсторони ин намуди санъат  зиёда аз 250 асарҳои хонандагон пешниҳод  карда шуд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҳамдиёрони азиз!
Афсарону сарбозони гиромӣ!
Мӯҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрику муборакбод намуда, орзуманди онем, ки дар Ватани азизамон ҳамеша сулҳу амонӣ пойдор ва зиндагии тинҷу осуда насиби мардуми кишвар бошад.
Воқеан 23 феврали соли 1993 дар таърихи соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ саҳифаи тозае боз гардид.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 24 соли фаъолият рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз содиқона хидмат намуда истодаанд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...