Навгонӣ

Варзиш қосиди сулҳҲар сол 10 август дар миқёси кишвар қайд гардидани Рӯзи варзишгарон нишони эътибори беназири Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат ба варзиш ва таъмини бақои ҷавонӣ аст. Бо ғамхорию назари неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардида, шароити хуб барои ояндагони кишвар фароҳам шуда истодааст. Майдончаҳои варзишӣ бо намудҳои гуногун ба истифода дода мешаванд. Ин имконияти васеъро барои машқу тамрин фароҳам меорад. Имрӯз ҷавонписарону ҷавондухтарони тоҷик дар баробари таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба варзиш машғул ҳастанд.
Шаҳри Хуҷанд дорои варзишгоҳи боҳашамат бо 25 ҳазор ҷойи нишаст, 6 варзишгоҳи дигар бо теъдоди 5 ҳазор ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ, толори варзишӣ,  ҳавзҳои шиноварӣ,  мактаби варзишии бачагону наврасон мебошад.

Муроҷиатномаи иштирокчиёни Форуми намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” бахшида ба “Соли ҷавонон”, 04.08.2017, вилояти СуғдМо, кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, ҳамчун фарзандони бонангу ори ин сарзамин, ворисони асили миллату давлат, идомадиҳандагони роҳи пуршарафи ниёгон ва меросбарони гузаштагони сарбаланди ориёӣ, бо ифтихору сарфарозӣ изҳор менамоем, ки Ватани ободу зебо дорем ва номи муқаддаси он Тоҷикистон аст, ки баҳри ҳифзи ҳар ваҷаб хоки поки он ва барои миллати азизи хеш ҳастии худ, ҷони худ ва тамоми вуҷуди худро мебахшем.
Имрӯз мо – насли хушбахти замон, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватани маҳбуб, дар қалбу шуур ва ҷисму ҷони худ меҳри ин Ватанро парварида шукрона мегӯем, ки чунин Пешвои миллат дорем. Дар симои Пешвои хирадманди худ мо роҳнамои оқил ва падари дилсӯзу ғамхорро пайдо кардаем.

Тараннуми ҷавонӣИштирокчиёни Форум-намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, ки тайи рӯзҳои 3-6 август дар вилояти Суғд доир гардид, ба шаҳри Хуҷанд низ ташриф оварда, зимни он аз Минтақаи озоди иқтисодии Суғд дидан карданд. Баъди боздиду пайдоиши тасаввурот аз фаъолияти ин минтақаи иқтисодӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар таассуроти наву муассир бардоштанд.
Сафари онҳо дар Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» идома ёфта, онҳоро Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода ҳамроҳӣ намуданд.

Мулоқоти Раиси вилоят бо иштирокчиёни Форуми ҷумҳуриявии ҷавононДар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, ки бо мақсади иштирок дар нахустин Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” ба вилоят ташриф оварданд, баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки аз санаи 3 то 6 август дар доираи чорабиниҳои Соли ҷавонон Форуми мазкур 150 нафар мутахассисони ҷавонро аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ гирди ҳам ҷамъ овард. Ин Форум дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди {укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Аксияи ҷавонон дар СирдарёТибқи иҷрои нақшаи чорабиниҳои Соли 2017 - Соли ҷавонон ва бахшида ба қабул шудани қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" санаи 31 - уми июли соли равон дар мавзеъи Сирдарё-и шаҳри Хуҷанд аксияи ҷавонон тавассути заврақҳо баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур варзишгарони мактабҳои варзишии маҳораташ олии вилоят, мактаби варзишии вилоят ва мактаби варзишии захираҳои олимпии шаҳри Хуҷанд ҷамъ зиёда аз 100 нафар иштирок намуданд.
Мақсади аз баргузории аксияи мазкур ин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, тоза нигоҳ доштани ин неъмати пурарзиш мебошад.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...