Навгонӣ

Ҳамшаҳриёни азиз!
Таърихи халқияту миллатҳои ҷаҳон санаҳои муҳим ва ҳаводисеро медонад, ки аҳамият ва арзиши онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати бебаҳои ин ё он миллат баландтар мегардад. Чунин санаи барои мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиму сарнавиштсоз Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. Воқеан, 27 июни соли 1997 рӯзи муборакест, ки дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёди мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Ин санаи тақдирсозе аст, ки бо маънии томаш ҳамчун санаи саодатофарин ва ощози созандагиҳои бузург мебошад. Дар ин рӯзи саид пас аз қаҳрамониҳову ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Боиси қаноатмандӣ ва ифтихор аст, ки сулҳи тоҷикон  аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифтааст.

Ҳамшаҳриёни азиз!
Фарорасии Иди саиди Фитрро ба ҳамаи Шумо, табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва ба хонадони ҳар кадоми шумо баракати бешуморро орзу менамоям.
Иди саиди Фитр яке аз суннатҳои муҳимтарини маънавии мардуми мусулмони мо ва нишонаи эҳтирому гиромидошти ойини деринаи халқамон бар пояи мазҳаби ҳанафия ба шумор рафта, дар қатори дигар ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ дар кишвари мо ба хушҳоливу шодии зиёд таҷлил мегардад.
Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати истиқлолияти кишварамон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ ба имконияҳои фаровон ноил гардид.

Натиҷагирӣ аз силсилавохуриҳо доир ба Ваҳдати миллӣДар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти ҷамъбастии гуруҳи кории Ҳукумати мамлакат, ки чанд рӯз инҷониб дар маҳаллаву идора ва корхонаҳои шаҳри Хуҷанд доир ба Ваҳдати миллӣ ва эълон гаштани соли 2017 -Соли ҷавонон ҷараён дошт, баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз натоиҷи пурсамари  мулоқотҳо ёдовар шуда, онро ҳадафрасида ва ба манфиати умум арзёбӣ намуд.
Сипас, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон профессор Ҳамидулло Фақеров баромад намуда, аз ҷумла гуфт, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар сарзамини мо даргириҳо ба вуҷуд омаданд. Душманони миллат ба ҳар васила мекӯшиданд, ки тарафҳоро ба шӯр андозанд ва низоъи бештар ба вуҷуд ояд.

Шаҳри Хуҷанд ғолиби фестивал-озмуни гулҳо гардидДар интиҳои ҳафтаи сипаригашта дар Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шахри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои хориҷӣ, ки ҷихати иштирок дар ярмаркаи байналхалқии савдо «Суғд 2017» омада буданд, ҳамчунин бо иштироки шумораи зиёди сокинони вилоят «Фестивали гулҳо» баргузор гардид.
Чун яке аз шартҳои ободу зебо гардонидани диёр  ин сабзу хуррам ва гулкорӣ намудани муҳити атроф  мебошад, дар ин фестивал ташкилоту муассисаҳо идора ва  муассисаҳои ободкорию сабзкории шаҳри Хуҷанд бо оро додани майдони ин маҷмаи таърихӣ ва саҳни даромадгоҳ бо гулу гулбуттаҳои ороишӣ компазитсияҳои гуногуни бо гулу сабза омодагашта ширкат намуданд.

Ярмаркаи байналхалқии савдо “Суғд-2017”Дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналхалқии савдо “Суғд-2017” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур давоми чор сол инҷониб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир, ба намоиш гузоштани меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваҳо, намудҳои гуногуни маҳсулоти саноатӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд, беш аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирон ва намояндагони ширкатҳои дохилию хориҷӣ, намояндагон аз 10 давлати дунё ва 23 ташкилоти байналхалқӣ ширкат варзиданд, ки аз баланд гардидани нуфузи ин чорабинӣ гувоҳӣ медиҳад. Бояд гуфт, ки ярмаркаи мазкур дар муддати кутоҳ аз чорабинии минтақавӣ ба намоишгоҳи байналмиллалӣ табдил ёфтааст, ки аз нуфузи баланди он дарак медиҳад.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...