Навгонӣ

Оғози ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти СуғдТавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 21 то 26-уми августи соли 2017 дар вилояти Суғд ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баргузор мешавад.
Нимаи якуми рӯзи душанбеи 21 август меҳмонон-иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ба вилоят ташриф оварданд. Меҳмонони ВМКБ-ро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва сокинони ноҳияи Айнӣ гарму самимӣ истиқбол намуданд.
Иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ сараввал дар зери муҷассамаи шоири маъруфи тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гулу гулдастаҳо гузошта, мақбараи шоирро зиёрат намуданд.
Сипас барои меҳмонон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Хуш омадед, меҳмонони Бадахшон” манзур карда шуд.

Машварати кормандони соҳаи маориф баргузор гардидДар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №16 машварати кории омӯзгорон, директорон, ҷонишинони директор, кормандони иттифоқи касаба, китобдорон ва муҳосибони мактабҳои шаҳр баргузор гардид. Дар рӯзи аввали машварат омӯзгорони шаҳр аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ дар ҳуҷраҳои алоҳида ҷамъ омада, бо шунидани маърӯзаҳои илмӣ фикру андешаҳояшонро баён доштанд.
Чунин машварати корӣ бо иштироки директорон, ҷонишинони директор, кормандони иттифоқи касаба, китобдорон, маркази дарёфти рушди истеъдодҳо ва муҳосибони мактабҳои шаҳр дар рӯзи дуввум баргузор гардид. Дар ҳар як бахш беш аз панҷ маърӯзаи илмӣ шунида шуда, перомуни он иштирокчиён мубодилаи афкор намуданд.

Ба истиқболи Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар шаҳри ХуҷандБадахшон… сарзамини кӯҳсорон, гӯшаи зебоманзари ҷаҳон, пораи ҷонпайванди Тоҷикистон… Бадахшоне, ки Боми ҷаҳонаш мегӯянд, Бадахшоне, ки дар оғӯши гармаш фарзандони шоистаи даврро парваридааст, Бадахшоне, ки лаълу ёқуту сурмаву сангаш зеби зебосанамони тоҷик шудааст.
Ана дар ҳамин сарзамини биҳиштӣ, дар «замини сахти кӯҳистон» бо «дили нарм» духтараке зода шудаву парвариш ёфт, ки падару модари некбахташ номашро Нигина ниҳоданд. Нигина Ҳайдармамадова 10 июли соли 1974 дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ дида ба олами ҳастӣ кушод ва дар зодгоҳаш бо ҳазор умеду орзу дар дил ба воя расид. Қатори ҳамсолони хушбахташ ба мактаби миёна рафт, аз донишҳои замонаш мусаллаҳ гашт, дӯстону дугонаҳои зиёд пайдо кард, вале ҳатто дар ягон гӯшаи хаёлаш набуд, ки рӯзе маскуни дигар шаҳр мешаваду он маконро низ метавонад аз сидқи дил дӯст дорад.

Омодасозии духтарон ба оиладорӣТибқи амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқ гардидаи Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавондухтарон ва омода намудани онҳо ба рӯзғордорӣ, тарғиби таомҳои миллии тоҷикӣ ва пойдории оилаҳо таҳти роҳбарии шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр дар 22 кумитаи маҳалла чорабиниҳои гуногун гузаронида истодаанд.
Дирӯз дар маҳаллаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд  маҳфили «Кадбону» бо иштироки як гурӯҳ занони фаъолу духтаракони қадрас доир гардид. Занони маҳалла ба духтаракон тарзи пухтани таоми миллии тоҷикон-оши палав, бастани самбӯса, омодасозии хамир барои пухтани нонро омӯзониданд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Баргузории Рӯзи кормандони тиб дар шаҳрИмрӯз ба муносибати Рӯзи кормандони тиб дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бо иштироки Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ва собиқадорону кормандони соҳаи тиб дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Сараввал Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода сухан ронда, оиди пешрафти соҳаи тандурустӣ дар шаҳр ва саҳми табибон дар беҳдошти ҳифзи сиҳатии омма сухан карданд. Баъдан сардори Раёсати тандурустии вилоят Мақсудзода Фаррух низ маърӯза намуда, кормандони соҳаро бо ин рӯзи таърихӣ таҳният намуд. Ҳамчунин мувини Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно табрикоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро ба ҳозирин расонида, аз комёбию дастовардҳои назарраси соҳа ҳарф зад. Қайд карда шуд, ки нишони эътибори аҳли ҷомеа ба онҳоест, ки шабу рӯз баҳри ҳифзи саломатии мардум заҳмат мекашанд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...