Навгонӣ
08 Май 2013
Недоступен ни однин перевод.
Дар чаҳорчӯбаи «Ҳафтаи поси хотир», ки аз 2 то 9 май идома дорад, дар МТМУ №22-юми шаҳри Хуҷанд мулоқоти хонандагон бо иштирокчии ҶБВ Дадохон Ҳодиев баргузор гардид.
Дарси кушод, соати тарбиявӣ, ки муаллима Кароматхон Исомаддинова бо хонандагони синфи 6 «Б» баргузор намуд, дар мавзӯи «Қаҳрамонон намемиранд» бисёр ҷолиби диққат буд. Хонандагон аз корнамоиҳои бемисли ҳамватанони мо шеърҳо қироат карда, лаҳзаҳоро аз саҳнаҳои корнамоиҳои қаҳрамонони ҷанг Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Насрулло Отаев, Шарофат Аҳмадова аз тарафи хонандагон Сӯҳроб Каримов, Фирдавс Эшонхӯҷаев, Олимҷон Охунов, Рашид Ҳакимов, Аъзамҷон Мамедов, Абӯбакр Баҳриддинов, Рухшона Ҳомидова пешкаш намуданд.Читать полностью