Навгонӣ
13 Апрель 2013
Субҳи рӯзи шанбе, 13-уми апрели соли равон шаҳри бостону ҳамешаҷавони Хуҷанд ба назар боз ҳам музайяну дилрабо менамуд. Зеро, ин навбат меҳмонон аз пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Бадахшон, водии Рашт ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба ин куҳанмарз омаданд, то аксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро таҳти унвони «Насли созанда» баргузор намоянд.
Ростӣ барномаи омодашудаи аксия хеле рангин ва ҷолиб буд, зеро, тамоми қишрҳои ҷомеа, шаҳрвандони синну сол ва касбу кори мухталифро ба ҳам овард. Яъне, баҳри кормандону дӯстдорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ имконияту шароити хуби вохӯрӣ ва гузаронидани чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, маърифативу фарҳангӣ, илмиву оммавӣ ва варзишӣ фароҳам оварда шуд.