Навгонӣ
03 Июнь 2013
Недоступен ни однин перевод.
Рӯзи гузашта, санаи 1-уми июн боғи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд воқеан, ба макони дилфиребу музайян мубаддал гардида буд. Зеро, аз субҳи барвақт ҳазорон нафар кӯдакону наврасон бо ҳамроҳии волидайн на танҳо аз шаҳри Хуҷанд, балки аз шаҳру навоҳии дигари вилояти Суғд баҳри таҷлили сазовори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба ин мавзеи хушбоду хушманзара омада, сайру гашт намуданд.
Нахуст роҳбарони вилояту шаҳр аз растаҳои омодакардаи кӯдакону наврасон, тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони мактабҳои миёнадидан намуда, ба маҳсули меҳнат ва эҷоди дӯстрӯякон баҳои баланд доданд.Читать полностью