Навгонӣ
30 Июль 2016
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» то майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марафони саломатии вилосипедронӣ баргузор гардид. Чорабинии варзишии мазкур дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи кишвар бахшида ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди оммавии варзиши намуди вилосипедронӣ баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинии мазкур мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Бахтиёр Исматҷонов кулли иштирокдорони марафони саломатиро барои дастгирии ташаббус изҳори сипос намуд.
Читать полностью