Навгонӣ

Недоступен ни однин перевод.

Иштирок дар барномаи консертӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тамошои барномаи консертии ҳунармандони соҳибистеъдоди панҷ ансамбли навтаъсиси вилояти Суғд ба Кохи фарҳанги «Суғдиён» ташриф оварданд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони этиром ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар назди ин кохи муҳташам қомат афрохтааст, гулчамбар гузоштанд.
Кохи «Суғдиён», ки соли 2016 дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, барои аҳли ҳунару фарҳанги вилояти Суғд дастоварди беназир ба ҳисобо меравад.

Недоступен ни однин перевод.

Робитаи вилоятҳои Суғд ва Қазоқистони Ҷанубӣ боз ҳам густариш меёбанд.Дар доираи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд бо бародаршаҳрҳои худ, ҳайати гурӯҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва аҳли фарҳангу ҳунари шаҳри Хуҷанд  ба намояндагӣ аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон санаҳои 21 -23 марти соли равон дар чорабиниҳои наврӯзии шаҳри Шымкенти Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд.
Ҳайати иштирокдорони танатанаи наврӯзиро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон  Назирмад Ализода роҳбарӣ намуд.
Нимаи дуюми рӯзи 20 март гурӯҳи меҳмонони тоҷикро бо роҳбарии муовини якуми  Раиси шаҳри Хуҷанд  Хайрулло Ғайбуллозода дар сарҳади давлатии  Ҷумҳурии Қазоқистон,ки дар ноҳияи Сариағаш ҷойгир аст, муовини раиси Ассамблеяи халқҳои ҚазоқистонМуротали Калмуратов, роҳбарияти ноҳияи мазкур тоҷикони муқими ин маҳалли шаҳри Шымкент бо тантана пешвоз гирифтанд.

(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дилҳо шодучеҳраҳо пурнур буд.Нахустрӯзи фарвардинмоҳ шаҳри Хуҷанди бостонӣ қабои идона ба бар дошт. Табиат бедор гашта, дарахтони бодому зардолу шукуфтанд  ва сабзаҳо рӯи заминро махмалин сохтанд. Ҳама ҷо тозаву озода. Шиору овезаҳо, парафшонии Парчами миллӣ дар болои биноҳои маъмурӣ идораю ташкилот, майдонҳои гулпӯши кӯчаю хиёбонҳои шаҳр аз фарорасии Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонд. Меҳмонону сокинони шаҳр аз субҳи содиқ сӯи идҷойи наврӯзӣ, ки назди Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ муқаррар шуда буд, мешитофтанд. Даромадгоҳи театр бо мусаввараҳои зебою мунаққаш ва портрети Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оро ёфта буд. Дар хиёбони Аҳмадбек Мавлонбеков, кӯчаҳои Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо, Маҳмудҷони Танбӯрӣ хаймаҳо гузошта, дар он корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи муштараки САТН, ҶС “Ресандаи Тоҷикистон”, ҶДММ “Сирдарё”, ҶДММ “Темуриён”, ҶДММ “Молочная радость” ҶДММ “Ношир” маҳсулотҳои истеҳсолкардаи худро ба намоиш гузошта буданд.

Недоступен ни однин перевод.

Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд ва иштирок дар базми наврӯзии 500 кӯдаки ятимДар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хучанд як бинои 9 - ошёнаи истиқоматиро бо марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур бо харҷи 15 миллиону 286 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аюб Тоҳиров сохта ба истифода дода шудааст. Корҳои сохтмониро дар бинои 9 - ошёна коргарону мутахассисони ватанӣ ба анҷом расондаанд ва иншооти мазкур аз нигоҳи меъёрҳои меъморӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгу мебошад.
Бинои истиқоматӣ дорои 50 хона, аз ҷумла 10 хонаи якҳуҷрагӣ, 18 дуҳуҷрагӣ, 10 сеҳуҷрагӣ ва 12 хонаи чорҳуҷрагӣ аст. Дар ошёнаҳои 1 ва 2 марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир мебошад.

(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд»Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» шинос шуданд.
Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур ҳануз соли 1966 дар масоҳати 7,7 гектар бунёд шуда буд ва аз он замон то имрӯз дар ин ҷо асосан маҳсулоти абрешимӣ, аз қабили матои атлас истеҳсол карда мешавад.
Ин корхона, ки дар гузашта бозори Тоҷикистон ва минтақаро бо матои хушсифати атлас таъмин мекард, як муддат, яъне то соли 2005 бо иқтидори пуррааш фаъолият надошт ва аз ҳамон сол инҷониб бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора барқарор карда шуда, дар ин ҷо истеҳсоли атласу адрас роҳандозӣ гардид.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...