Навгонӣ
14 Апрель 2017
Имрӯз дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҷамбастии фаъолияти тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд дар семоҳаи авали соли равон доир гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони шаҳр ширкат намуданд.
Доири натиҷаҳои семоҳаи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Абдураҳим Солизода маъруза намуд.
Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд ва муовини Раиси вилояти Суғд доири аз фаъолият мондани 38 корхонаҳои саноати шаҳр, таҳлили вазъи ба амал омада, назорати корхонаҳои истеҳсолии мавсимӣ, аз байн бурдани қарзи музди маоши кормандони корхонаи саноатӣ ва ғайра бо маърӯзачи муколама сурат гирифт.