Навгонӣ
24 Август 2017
Санаи 23 августи соли 2017 меҳмонони ВМКБ бо роҳбарии раиси ин вилоят Шодихон Ҷамшед дар идомаи сафар ба вилояти Суғд дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гул гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки пайкараи бошукӯҳи асосгузори давлати бузурги тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд, дар соҳили рости Сирдарё ба истиқболи 20 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд.
Ҳайати меҳмонон инчунин аз тамошои Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” таассуроти хотирмон бардоштанд. Ин маҷмааи бошукуҳ соли гузашта бо иштироки Пешвои миллат дар ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолият оғоз намуда, имрӯз ба макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони маркази вилоят табдил ёфтааст.