25 Июль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар доираи идомаи вохӯриҳо бо усули «маҳал ба маҳал» ин навбат мулоқот санаи 24 июл бо сокинони маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Набизода Ҷамшед, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷабборӣ Мунзифа Абдусаттор, Ноиби имомхатиби шаҳри Хуҷанд Рабиев Даврон, инчунин намояндаи мақомоти соҳаи шуғли аҳолӣ иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз бо сокинон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Зимни мулоқот вобаста ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна андешаҳои ифротӣ, риояи қонунҳои амалкунанда, тарбияи дурусти фарзандон, истифодаи самараноки имкониятҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои судманд баён гардиданд.
Иштирокчиён сокинонро ба саҳмгузории фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ даъват намуда, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







