21 Июль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуд. Дар ин рӯз оид ба дастовардҳои шаҳр дар 35 соли соҳибистиқлолӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намоиши дастовардҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш, корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, инчунин намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти истеҳсолии маҳаллӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Дар чорабинӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Руслан Қодирзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва дигар меҳмонону масъулин иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонон ва иштирокдорон аз гӯшаҳои намоишгоҳ боздид намуда, бо дастовардҳои иқтисодию фарҳангии шаҳри Хуҷанд аз наздик шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе барои муаррифии дастовардҳо, имконияти иқтисодӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар Амфитеатри Боғи Устод Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ сурат гирифт. Нахуст Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода меҳмононро ба чорабинӣ хайрамақдам гуфтанд.
Зикр шуд, ки шаҳри Хуҷанд маркази сиёсӣ-маъмурии вилояти Суғд аст. Он аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ шаҳри дуюми Тоҷикистон мебошад. Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна буда, ҳамчун маркази тиҷорат дониста мешавад. Зеро аз инҷо «Роҳи бузурги абрешим» мегузашт, ки Осиё ва Аврупоро пайваст мекард. Таърихшиносони қадим Хуҷандро «Тирози ҷаҳон» ё «Арӯси даҳр» номида, аз мардуми бофарҳанги он ёдовар шудаанд.
Шаҳри Хуҷанд ҳамеша бо осори таърихию қадимӣ диққати сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб намуда, ҳамчун шаҳри қадимии дорои имконоти бузург машҳур аст. Бо мақсади ҳарчӣ бештар ҷалб намудани гардишгарон ба маконҳои зебои он ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр 11 муассисаи сайёҳӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд беш аз 1300 иншоот бунёд гардидааст.
Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Руслан Қодирзода ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Душанбе Сипоснома тақдим намуд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва санъаткорон манзури меҳмонон гардида, бо суруду таронаҳои дилнишин, рақсу оҳангҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







