17 Июль 2026
Недоступен ни однин перевод.
БА ТАВАҶҶӮҲИ СОКИНОНУ МЕҲМОНОНИ АЗИЗУ АРҶМАНДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Сокинону меҳмонони арҷманди пойтахти мамлакат!
Бо камоли эҳтиром ба иттилои шумо мерасонем, ки санаи 19-уми июли соли 2026, аз соати 17-00 дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Душанбе, ки ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ бо иштироки аҳли ҳунар ва адаби шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.
Аз сокинон ва меҳмонони арҷманди пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе, даъват менамоем, ки дар ин чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои шаҳри бостонии Хуҷанд даврони истиқлол шинос шуда, аз фазои гарму самимии он баҳравар гарданд.
МАРҲАБО, БА РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ БОСТОНИИ ХУҶАНД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ!







