07 Июл 2026
Баъди нашри матлаби интиқодӣ аз ҷониби рӯзноманигор Алия Хамидуллина оид ба дар микроноҳияи 18-уми шаҳри Хуҷанд бетонпўш намудани решаи дарахтон онро кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муайян гардид, ки дар асоси хуҷҷатҳои пешниҳодшудаи соҳибкор Раупов А.А. барои сохтмони бинои баландошёна аз микронохияи 18 қитъаи замин ҷудо карда шудааст, ки дар паҳлуи он дарахтон ба миқдори 7 бех ҷойгир шуда, ба қитъаи замини барои сохтмон ҷудогардида дохил намешаванд. Вале аз тарафи сохтмончиён худсарона дарахтони қадди роҳи нақлиётгард ва пиёдагард ба микдори 7 бех, аз он ҷумла 2 бех тут ва 5 бех дарахтони ҳамешасабзи сановбар, ки синни онҳо беш аз 10 сола буда, дар ҳолати сабзиш қарор доранд, бетонпўш карда шудааст, ки решаи дарахтон зери бетон монда, барои нашъунамо ба риояи қоидаҳои агротехникӣ, яъне сари вақт бо об ва озуқа таъмин намудан таъсири манфӣ расидааст.
Дар натиҷа, аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист санади аз назаргузаронӣ тартиб дода шуда, бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта мувофиқи моддаҳои 9, 69-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» чораҳо андешида шуда, барои бартараф намудани камбудиҳо пешниҳодҳои ҳатмӣ дода шуд.
Дарахтоне, ки бетонпўш гардиданд аз тарафи соҳибкор барои бо об ва озуқа таъмин гардидан аз маҳсулоти бетон тоза карда шуда, он ба ҳолати аввала баргардонида шуда, барои таъмини обёрии дарахтон чораҳои зарурӣ андешида шуд.
Аз шаҳрвандон, бахусус аз соҳибкорону сохтмончиён талаб карда мешавад, ки муносибати худро бо табиат хайрхоҳона ба роҳ монда, барои беҳтар шудани иқлим монеъгӣ накарда, баръакс баҳри сабзиши доимии дарахтони муҳити атроф саҳми муносиби худро гузоранд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







