06 Июль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳри Хуҷанд бори аввал дар таърихи вилояти Суғд ҷарроҳии бариатрикӣ бо муваффақияти комил анҷом дода шуд. Ин дастоварди муҳими тиббӣ марҳилаи нави рушди ҷарроҳии каминвазивӣ ва хизматрасонии баландтехнологии тиббӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Ҷарроҳии бариатрикӣ усули самараноки табобати фарбеҳии дараҷаи баланд ва бемориҳои ҳамроҳи он, аз ҷумла диабети қанд, фишорбаландии артериалӣ, апноэи хоб ва дигар бемориҳои мубодилаи моддаҳо ба ҳисоб меравад.
Амалиёти ҷарроҳӣ аз ҷониби табибони ҷарроҳи шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникии №1-и шаҳри Хуҷанд бо истифода аз технологияҳои муосири лапароскопӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ гузаронида шуд. Амалиёт бомуваффақият анҷом ёфта, айни замон вазъи бемор қаноатбахш буда, таҳти назорати доимии табибон қарор дорад.
Татбиқи ин намуди ҷарроҳӣ бори дигар аз рушди пайвастаи соҳаи тандурустии вилояти Суғд, баланд гардидани маҳорати касбии табибон ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи тиббӣ шаҳодат медиҳад.
Роҳбарияти беморхона ин дастоварди муҳимро натиҷаи рушди пайвастаи соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи тиббӣ арзёбӣ менамояд.
Маъмурияти Беморхонаи клиникии №1-и шаҳри Хуҷанд минбаъд низ барои ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои сокинони вилоят фаъолияти худро идома хоҳад дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







