06 Июль 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Мадина Салимзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии "Шоҳномахонӣ" бо мақсади баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, эҳтиром ба таъриху тамаддуни миллӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ зери сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад.
Зикр гардид, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ аз бузургтарин шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон буда, дар он ғояҳои баланди инсондӯстӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан, сулҳу субот, адолат, ҷавонмардӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ васф гардидааст. Ин асари мондагор дар тарбияи маънавии ҷавонон, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгон нақши муассир дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибон, омӯзгорон ва иштирокчиёни фаъоли озмун Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.
Ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» соҳиби роҳхат гардида, дар даври вилоятии озмун шаҳри Хуҷандро намояндагӣ хоҳанд кард.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







