30 Июнь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз дар гимназияи №1 маросими қадршиносии хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон иштирок намуда, мақомҳои ифтихориро касб намуданд, баргузор шуд.
Ба хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ ғолибият ба даст овардаанд, маблағҳои пулии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода тақдим гардид.
Ҳамчунин омӯзгорони беҳтарин ва муассисаҳои таълимии намунавӣ низ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардиданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







