30 Июн 2026
Дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги “Суғдиён” даврии вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” баргузор гардид, ки аз 136 нафар ғолибони даври шаҳрӣ фаъолона иштирок намуда, аз он 43 нафарашон сазовори мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Аз ҷумла ҷои якум – 9 нафар, ҷои дуюм-10 нафар ва ҷойи сеюм 24 нафар гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбии ҷавонону наврасон, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон маҳсуб мешавад.
Шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати таъмини иштироки фаъолонаи намояндагони шаҳр дар даври ҷумҳуриявӣ чораву тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







