(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Гузориш аз иҷлосия ва маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд: РУШДИ УСТУВОРИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢДар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорум баргузор гардид. Дар кори он аз 40 вакили мардумӣ, 36 вакил, ҳамзамон, роҳбарони сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раёсату шӯъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия, сарварони муассисаҳои томактабӣ, мактабӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаву қитъаҳои истифодабарӣ, намондагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Раҷаббой Каримов иҷлосияро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар кори он ҳамчунин, бо намояндагӣ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Мавҷуда Бобоева ҳузур доранд.

Гузориш аз иҷлосия ва маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд: РУШДИ УСТУВОРИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢПас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихобу тасдиқи котиботи иҷлосия ва рӯзномаи он, вакилон ба баррасии масъалаи аввали иҷлосия рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016» шурӯъ намуданд. Аз рӯи он муовини Раиси шаҳр Муҳаббат Бобоҷонова маърӯзаи муфассал карда, қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои талаботи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ чораву тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешидааст.

Соли хониши 2012-2013 дар шаҳр, илова кард М.Бобоҷонова, 33 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла, 30 муассисаи томактабӣ, 2 муассисаи таҳсилоти хусусӣ ва 1 комплекс кӯдакистон мактаби махсус барои кӯдакони босираашон суст ва нобино фаъолият менамоянд. Дар шаҳр мувофиқи маълумоти омор кӯдакони синни то 7-сола 21 ҳазору 849 нафар буда, аз ин шумора 37 фоизи кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд.

Агар дар марҳилаи якуми Барномаи давлатии тарбияи томактабӣ (барои солҳои 2006-2010) шумораи тарбиятгирандагон ба 6558 нафар расонида шуда бошад, пас дар оғози марҳилаи дуюм-соли 2012-ум дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр 7843 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки дар муқоиса бо соли 2011-ум 339 нафар зиёд мебошад.

Бо ҳадафи боз ҳам бештар қабул намудани кӯдакон бо маблағгузорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода сохтмони кӯдакистони нав барои 680 ҷой идома дорад. Зеро, алҳол 2000 нафар кӯдакон дар навбат меистанд ва зарур аст, ки бо истифода аз имконоту шароит онҳоро ба муассисаҳо ҷалб намоем.

Зимни муҳокимаи маърӯза муовини Раиси вилоят Мавҷуда Бобоева ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов оид ба сатҳи наонқадар хуби тарбияи кӯдакон, ғизонокии пасти маводи хӯрокаи онҳо, нарасидани рахти хоб, соҳибтахассус набудани мураббиён дар баъзе аз кӯдакистонҳо (барои таълимдиҳӣ), таъмирталаб будани чанде аз муассисаҳои томактабӣ, беҳтар намудани назорат ҷиҳати сари вақт амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ андешаҳои хешро иброз карданд.

Ҳамзамон, дар муҳокима аз байни вакилони мардумӣ Азимҷон Ҷабборов (вакил аз ҳавзаи интихоботии № 6), Моҳира Саиднасруллоева (вакил аз ҳавзаи интихоботии № 17), Мубинҷон Маҳмудов (вакил аз ҳавзаи интихоботии № 34) низ фаъолона иштирок карда, хулосаҳои хешро пас аз боздид аз рафти таълиму тарбия дар муасисаҳои томактабӣ баён намуданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми иҷлосия фаъолияти комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаи сиёсати сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкории маҳаллӣ, раиси комиссия Мӯҳсин Исобоев (вакил аз ҳавзаи интихоботии № 33) ҳисобот дод.

Доир ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилии худ, вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии № 15 Онаой Абдуқодирова назди иштирокдорон ҳисобот дода, қайд кард, ки ҷиҳати саҳм гузоштан дар ҳалли масъалаву муаммоҳои интихобкунандагон кӯшиш ба харҷ дод.

Ҳамин тавр, бо қабули қарорҳои дахлдор аз рӯи масоили баррасишуда Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорум ба итмом расид.

Ҳамзамон, худи ҳамон рӯз маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар он як масъала натиҷаи фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2013-ум мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.

Аз он боис, ки маълумоти омода намудаи Раёсати омори шаҳр доир ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар моҳҳои январ – марти соли 2013 дар рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» чоп ва қабл аз оғози кори иҷлосия ва маҷлиси фаъолон дастраси иштирокдорон гардида буд, мудири бахши энергетика ва саноати МИҲД-и шаҳр Абдураҳим Солиев ба таври мушаххас ҳисобот дода, зикр намуд, ки дар се моҳи аввали соли равон дар корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 89 миллиону 643 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,2 фоиз зиёд аст. Шумораи умумии корхонаҳо ба 80 адад расонида шуд, ки аз онҳо 60 корхона ё худ 75 фоиз нисбат ба семоҳаи соли 2012 бештар маҳсулот бароварданд.

15 корхона (18,7 фоиз) назар ба соли гузашта кам маҳсулот истеҳсол кард. 5 корхона (6,3 фоиз) фаъолият накард, ки инҳо ҶС «Лаъл», ҶС «Комбинати консервбарорӣ», ҶС «Сирандуд», ҶДММ «ВТ Силк» ва корхонаи хусусии ба номи Нуриддинов мебошанд.

Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов сабабҳои аз фаъолият бозмондан ва ё кам маҳсулот истеҳсол кардани чанде аз корхонаҳои саноатиро аз масъулин пурсон шуд.

Гузориш аз иҷлосия ва маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд: РУШДИ УСТУВОРИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢҲамчунин, масъалаи сари вақт ҷамъ оварда натавонистани маблағи истифодаи нерӯи барқ аз аҳолӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ муҳокима гардид ва масъулини соҳа мавриди бозпурсии Раиси шаҳр қарор дода шуд.

Мудири шӯъбаи иқтисод ва савдо Усмонҷон Олимов ва мудири бахши нигаҳдории тандурустии МИҲД-и шаҳр Абдумуталиб Каримов низ аз фаъолияти соҳоти хеш ҳисобот доданд. Зикр гардид, ки то ба санаи 1-уми апрели соли равон дар назди кормандони соҳоти мухталиф ва ҳам нафақагирон қарз мавҷуд нест.

Ҳамин тавр, бо вазифагузорӣ аз ҷониби Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд ба кори худ хотима бахшид.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...