26 Июн 2026
САНАВУ САНАДИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ
Ҳамдиёрони азиз, созандагони ваҳдати миллӣ!
Дар остонаи 29-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ қарор дорем ва ин санаи барои мо, тоҷикон муҳим, моро ҳушдор месозад, ки бар мустаҳкамӣ ва пойдорнамоии ваҳдати кулли тоҷикон ва сокинони ин сарзамин пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем, зеро ҷаҳони муосир, гирудорҳои давлатҳои муқтадир барои инсоният имтиҳоноти нав ба навро ба вуҷуд оварда истодаанд.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус дар суҳбатҳояшон таъкид мекунанд: "Мо бояд ҳамеша ва махсусан, дар лаҳзаҳои вазнину хатарзо муттаҳид ва босабру таҳаммул бошем, аз каму костиҳои зиндагӣ рӯҳафтода нашавем, дасти якдигарро гирем, давлати миллии худро соҳибӣ кунем ва Ватани маҳбубамонро обод намоем". Зеро «Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати кўҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рў, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими Ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад».
Бале, барои миллати тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ санаи муҳими таърихӣ ва шодии деринтизори модарону кӯдакон маҳсуб меёбад. Рӯзи Ваҳдати миллӣ мардуми тоҷик ва сокинони ин кишварро ба ҳам овард, марҳала ба марҳала ва зина ба зина дар партави сиёсати ваҳдатойину ояндаандеши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли соҳоти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат рӯ ба рушд ниҳод ва кишвари мо дар роҳи рушду тараққиёти бонизом қарор дорад.
Рўзи Ваҳдати миллӣ – рӯзи сулҳу осоиштагиро ба кулли ҳамватанон, хуҷандиёни азиз шодбод мегӯям. Бигузор фарзандони миллат зери осмони софу беғубор умр ба сар баранд, сулҳу субот дар кишвар пойдор монад ва ваҳдату ҳамдилии тоҷикон ҷовидон бошад.
Иди Ваҳдати миллӣ муборак!







