(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, сокинони вилоятро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрик гуфт.
Таъкид гардид, ки бо ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ ба даст омада, он оғози марҳилаи нави давлатсозӣ гардид, барои таҳкими пояҳои истиқлол, эҳёи иқтисод, пешрафти иҷтимоӣ ва зиндагии осоиштаи мардум заминаи боэътимод фароҳам овард.
Раиси вилоят бо истинод ба таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки ваҳдати миллӣ имрӯз ба яке аз арзишҳои муқаддаси ҷомеаи Тоҷикистон табдил ёфта, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Зикр гардид, ки таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар соли омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» аҳамияти вижа дошта, ҳамаи шаҳрвандонро ба меҳнати созанда, таҳкими ваҳдат, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ҳидоят менамояд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин аз қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, истиқбол карда шуд. Таъкид шуд, ки ташаббуси навбатии байналмилалии Пешвои миллат боз як далели равшани эътирофи нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ буда, обрӯву нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.
Қайд гардид, ки қабули чунин ташаббус дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аҳамияти махсус дошта, бори дигар собит месозад, ки сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.
Дар анҷоми ҷамъомад Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода сокинони вилоятро ба ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои истиқлол ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол даъват намуда, ба ҳар як хонадон сулҳу осоиш, файзу баракат ва рӯзгори обод орзу кард.
Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маъруф пешниҳоди иштирокчиёни ҳамоиш гардонида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...