(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt26 июни соли 2026 дар гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд ба муносибати қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ҳамоиш баргузор шуд.

Дар ҳамоиш сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Мадина Салимзода ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода ҳамоиши ҳусни ифтитоҳ бахшида, қабули ин қатъномаро рӯйдоди муҳими таърихӣ дар остонаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ва дастоварди навбатии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мақому нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускори масъалаҳои муҳими байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон таҳким бахшид.
Дар қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, ба вежа иродаи «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо бозтоб ёфтааст. Он инчунин аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳро ҳамчун ваколати умумиҷаҳонӣ барои таблиғи фарҳанги сулҳ ва адами хушунат эътироф менамояд.
Тибқи муқаррароти ин санад, Маҷмаи Умумӣ солҳои 2027-2036-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон кардааст. Ҳадафҳои асосии Даҳсола аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.
Қатънома саҳми давлатҳои узв, роҳбарон ва халқҳоеро, ки тавассути равандҳои сиёсии фарогир, чораҳои эътимодбахш, барқарорсозии пас аз низоъ ва сармоягузориҳои дарозмуддат ба ваҳдати иҷтимоӣ дар таҳкими сулҳ, оштӣ, муколама ва ваҳдати миллӣ саҳм гузоштаанд, истиқбол мекунад. Қатънома хотирнишон месозад, ки ин таҷрибаҳои миллӣ ҳамчун манбаи арзишманди илҳомбахшӣ барои наслҳои имрӯза ва оянда хизмат мекунад.
Сипас, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Мадина Салимзода баромад намуда, афзуд, ки Сарзамине, ки дар марзи фарҳангҳо, забонҳо ва анъанаҳои гуногун қарор дошт, дар тӯли замон ба чорроҳаи ҳамзистиву ҳамкорӣ, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба забону фарҳанг ва урфу одатҳои ҳамдигар табдил ёфт.
Маҳз ҳамин мероси ғании фарҳангӣ, ки дар домани тамаддуни ориёӣ ташаккул ёфтааст, имрӯз барои пешбурди ташаббусҳои сулҳофарини Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар ин замина, бо ибтикори Тоҷикистон ва дастгирии кишварҳои ҳамфикр соли гузашта дар Конфронси генералии ЮНЕСКО қатъномаи «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии хуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» қабул гардид, ки аз решаҳои амиқи таърихии арзишҳои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар тамаддуни бостонии аҷдоди мо гувоҳӣ медиҳад.
Мусаллам аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дигар мардумони форсизабон дар рушди илму маърифат ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд.
Заминагузорони ин ганҷинаи ниҳоят арзишманд олимону файласуфон, шоирону нависандагон ва мутафаккироне буданд, ки мероси нодиру камназири онҳо аз василаҳои пешбарандаи илму фарҳанги инсоният маҳсуб меёбад.
Дар ҷараёни ҳамоиш муовини директори гимназияи №1 Муҳаббат Маҷидзода ва директори МТМУ №6 Нигоро Абдураҳмонова доир ба мафҳум ва арзишҳои сулҳу Ваҳдат маърӯза намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...