(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМуайян намудани унсурҳои бунёдии ваҳдат нишон медиҳад, ки ин мафҳум дар моҳияти худ «иттиҳоди устувори афроди ҷомеа, ҳамбастагии сохторҳои мухталифи иҷтимоӣ ва ҳаракати ҳамоҳангшудаи неруҳои ҷамъиятиро баҳри дастёбӣ ба ҳадафи ягона ва умумӣ» таҷассум менамояд.

Феномени ваҳдат дорои табиати чандҷанба ва гуногунранг аст. Аз нигоҳи фалсафӣ, моҳияти он ба пойдорӣ, устуворӣ ва таҳкими пайвандҳои ҷомеа далолат кунад, аз дидгоҳи фарҳангшиносӣ бошад, ваҳдат ҳамчун ягонагии тамоюлҳои арзишӣ ва ҳамбастагии ҷаҳонбинии сокинон арзёбӣ мешавад. Зеро ҳама гуна фарҳанг бе мавҷудияти муайяни миллатҳо ва қавмҳо моҳияти ҳастии худро аз даст медиҳад.
Дар заминаи васеътари илмӣ, ваҳдати миллиро метавон раванди муосиру фаъоле ҳисобид, ки дар он рушди ҳадафҳо, стратегияҳо, манфиатҳо ва арзишҳои муштарак дар асоси нишондиҳандаҳои устувори маънавӣ (аз ҷумла менталитет, арзишҳои ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ) тавассути давлат ва ҷомеа танзим ва қабул мегарданд. Аз ин рӯ, ҷавҳари раванди ваҳдати миллӣ интихоби огоҳонаест, ки ба ҳам омадан, ҳамгироӣ ва ташаккули фаъолияти якҷояи афроди ҷомеаро таъмин месозад.
Ваҳдати миллӣ раванди статикӣ (сукунатӣ) набуда, балки ҷараёни доимо таҳаввулёбанда аст, ки ҳастии миллатро устувор медорад. Он сифат ва сатҳи давлатдориро муайян намуда, нишондиҳандаи ояндасозии давлат маҳсуб мешавад. Одатан, ин масъала дар заминаи равандҳои иҷтимоӣ, рушди ҳаракатҳои миллӣ ва таъмини амнияти миллию давлатӣ мавриди пажӯҳиш қарор мегирад.
Таърих гувоҳ аст, ки ваҳдат аксар вақт дар натиҷаи ба ҳам омадани гурӯҳҳои мухталифи даргир, ки қаблан дучори тафриқа ва ҷудоӣ буданд, ба вуҷуд меояд. Сарчашмаи ин ҷудоиҳо метавонад омилҳои гуногун, аз қабили иқтисодӣ, динӣ, забонӣ, этникӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ ва фарҳангиро дар бар гирад. Дастёбӣ ба иттиҳод дар ин заминаҳо раванди тадриҷӣ буда, гузашт аз марҳилаҳои мураккабро талаб мекунад. Маҳз таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки расидан ба ризоияти миллӣ танҳо пас аз гузашти марҳалаҳои мухталифи гуфтушунид ва бартараф намудани монеаҳои сангин муяссар гардид.
Дар заминаи назариявӣ, омӯзиши раванди ваҳдати миллӣ дар илмҳои сиёсатшиносӣ падидаи нисбатан нав аст. Сарфи назар аз он ки дар марҳилаҳои аввали афкори сиёсӣ таваҷҷӯҳ бештар ба ваҳдати сиёсӣ ва этникии ҷомеа равона шуда буд, маҳз бо зуҳури давлатҳои миллӣ ин масъала мубрамияти махсус пайдо кард. Аз миёнаҳои асри XIX инҷониб дар кишварҳои Аврупо масъалаҳои миллат, ваҳдат ва амнияти миллӣ ба меҳвари таҳқиқоти сиёсатшиносӣ табдил ёфтанд, ки ин ба марҳалаи болоравии худшиносии миллии халқҳои аврупоӣ рост меомад.
Файласуф ва ҷомеашиноси машҳури испанӣ Хосе Ортега-и-Гассет (1883-1955) дар ин бора навишта буд: «Ваҳдати миллат, пеш аз ҳама, муносибати пайваста ва зич миёни гурӯҳҳои этникӣ ва сиёсӣ мебошад. Миллатҳо танҳо дар сурате ба вуҷуд меоянд ва боқӣ мемонанд, ки барои фардои худ барнома ва нақшаи мушаххас дошта бошанд». Вай ҳамчунин таъкид мекард: «Ҳифзи миллат ба мо имкон медиҳад, ки фардои миллатро ҳифз кунем, на дирӯзи онро». Дар раванди ташаккули миллати аврупоӣ Ортега-и-Гассет се марҳилаи асосиро ҷудо менамояд:
1. Муттаҳидшавии гурӯҳҳои этникӣ;
2. Таъмини ваҳдат ва иттиҳоди дохилӣ;
3. Бунёди давлати муқтадир.
Агар ин назарияро ба таърихи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол созгор намоем, возеҳ мегардад, ки мо маҳз ҳамин давраҳои мураккабро паси сар кардем. Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо, бархӯрд бо нофаҳмиҳои дохилӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ имтиҳони сангине барои таърихи мо буд. Нофаҳмиҳои иҷтимоӣ кишварро ба вартаи парокандагӣ кашиданд. Аммо дар ин лаҳзаи тақдирсоз, фарҳанги куҳанбунёди тоҷикона ва хиради азалии миллат таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат пирӯзӣ ба даст овард. Дар тафаккури сокинон ҳисси ягонагӣ ва бахшиши якдигар баҳри ояндаи дурахшон ғолиб омад ва сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамчун пойдевори устувори давлатдорӣ сабт шуд. Дар он марҳалаи ҳассос ва сарнавиштсози таърихӣ, ки хатари воқеии завол ёфтани давлатдории навини тоҷикон ва парокандагии сохтории миллат ба миён омада буд, нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори дурандеш, роҳбари масъулиятшинос ва ҳомии манфиатҳои миллӣ ба таври барҷаста зоҳир гардид. Маҳз ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ, матонати бесобиқа ва эҳсоси баланди ватандорӣ, ӯ тавонист ҷомеаи ба гирдоби низоъҳо кашидашудаи кишварро ба соҳили сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамун созад.
Аз нахустин рӯзҳои ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарии давлат, Пешвои миллат таъмини сулҳ ва барқарор намудани суботи сиёсиро ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа ва ҳадафи стратегии миллии худ муайян карда, тамоми неру ва имкониятҳои сиёсиву дипломатиро барои қатъи муқовимати мусаллаҳона ва оғози муколамаи созанда сафарбар намуд. Дар шароите, ки оташи ҷанги хонумонсӯз ҳазорон оиларо бехонумон сохта, иқтисодиёти кишварро ба фалаҷшавӣ оварда ва ҷомеаро ба гурӯҳҳои мухталифи сиёсиву идеологӣ ҷудо карда буд, пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна ҷасорати фавқулода ва фидокории беназири роҳбарро тақозо менамуд.
Раванди мураккаби музокироти байни тоҷикон, ки дар кишварҳои гуногун ва бо миёнҷигарии созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифт, яке аз сангинтарин саҳифаҳои таърихи муосири давлатдории мо маҳсуб меёбад. Дар ин масири пуртаҳлука, Пешвои миллат борҳо бо ҷони худ таваккал намуда, ба хотири наҷоти кишвар аз тамоми абзорҳои сиёсӣ истифода бурд. Ҳадафи ниҳоии Сарвари давлат на пирӯзии ягон гурӯҳи алоҳида, балки таъмини сулҳи пойдор, эҳёи боварии мутақобила ва гузоштани пойдевори устувори рушди Тоҷикистон буд.
Маҳз сиёсати таҳаммулгароӣ, фарҳанги баланди муколама ва иродаи созишпазири роҳбарияти давлат имкон дод, ки ҷонибҳои даргир тадриҷан ба ҳам наздик шуда, фазои эътимоди мутақобила ташаккул ёбад. Таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ҳамчун намунаи нодир ва беназири ҳалли мусолиматомези низоъҳои дохилӣ дар сатҳи байналмилалӣ пазируфта шуд, зеро ҷонибҳо тавонистанд манфиатҳои умумимиллиро аз амбисҳо ва ихтилофоти сиёсӣ болотар гузоранд.
Нуқтаи авҷи ин талошҳои хастанопазири сиёсиву дипломатӣ имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997, ш. Маскав) гардид, ки саҳифаи нави таърихиро барои халқи мо боз намуд. Ин санади сарнавиштсоз на танҳо ба ҷанги бародаркуш хотима бахшид, балки заминаҳои ҳуқуқиву сиёсии эҳёи давлатдорӣ, таҳкими низоми конститутсионӣ ва муттаҳид гардидани тамоми неруҳои созандаи ҷомеаро фароҳам овард.
Аҳаммияти таърихии ин созишнома дар он зоҳир мегардад, ки он тавонист фарҳанги сулҳ, бахшиш ва ҳамдигарфаҳмиро ҳамчун арзишҳои устувори миллӣ дар шуури ҷомеа амиқ ҷой диҳад. Агар дар оғози солҳои навадум мавҷудияти давлати тоҷикон зери суол қарор дошта бошад, баъди истиқрори сулҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи наве аз рушди мутавозини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ворид шуд, ки имрӯз натиҷаҳои дурахшони он дар тамоми соҳаҳо аён аст. Дар робита ба ин андешаи Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳои худ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ чунин баён дошта буданд: «Ваҳдати миллӣ ба василаи талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар барои густариш ёфтани сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди минбаъдаи кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеа таҳкурсии мустаҳкам ба вуҷуд овард».
Имрӯз, баъди гузашти даҳсолаҳо, мо аҳаммияти бузургу ҳаётии Ваҳдати миллиро боз ҳам амиқтар дарк мекунем. Сабақҳои таърихии халқи тоҷик собит намуданд, ки танҳо дар фазои оромӣ, эҳтироми мутақобила ва иттиҳод метавон давлати муқтадир, иқтисоди рақобатпазир ва ҷомеаи пешрафтаро бунёд сохт. Аз ин рӯ, ҳифзу таҳкими ин дастоварди бузург вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, бояд ба наслҳои оянда ҳамчун мероси гаронбаҳои таърихӣ интиқол дода шавад.
Ваҳдати миллӣ имрӯз падидаи таърихӣ, омили калидии рушди устувори давлатдорӣ, таҳкими соҳибихтиёрӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум аст. Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, ки таҳдидҳои нав ба амнияти давлатҳо пайваста меафзоянд, ҳифзи ин неъмати бебаҳо кафолати саодати ҷовидонаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол хоҳад буд.
Имрӯз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҳз дар заминаи ин таҷрибаи таърихии ваҳдатофаринӣ барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро тарҳрезӣ намуда, баҳри таҳкими фардои дурахшони кишвар ва тарбияи насли нави созанда фаъолияти худро равона месозад.

Ҷамшед Набизода
муовини Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...