19 Июн 2026
Дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони маҳаллаи “Дӯстии халқҳо”-и шаҳр вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндаи вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Нуруллозода, муовини раиси кумиҷроия ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов, намояндагони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли ахоли дар шаҳри Хучанд Муҳиба Раупова, Тоҷинисо Баротова, мудири шуъбаи кор бо маҳалҳои дастгоҳи раиси шаҳр Мурод Раҷабов,ноиби имом хатиби масчиди ҷомеи "Нури Ислом" Саидобид Обидов, фаъолони маҳалла, омӯзгорон, ҷавонон ва сокинони маҳал иштирок намуданд.
Зимни баромадҳо зикр гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро муайян намуда, рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, тандурустӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, дастгирии ҷавонон ва занон, инчунин таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар бар мегирад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинон доир ба масъалаҳои рӯзмарраи худ саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо ба таҳкими робитаи давлату ҷомеа мусоидат намуда, барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон нақши муҳим доранд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







