03 Июнь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Барои як гуруҳ хонандагони МТМУ №5 шаҳри Хуҷанд давраи таҳсили соли 2025 – 2026 хотирмон ҷамъбаст гардид. Дар охирин рӯзҳои баромадан ба таътили тобистона муҳассилини синфҳои болоии ин муасисаи таълимӣ, ки ба синни шиносномагирӣ расида барои гирифтани шиносномаи миллӣ ба ХШБ ШВКД дар шаҳри Хуҷанд ҳуҷҷат супорида буданд дар фазои тантанавӣ ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳрвандиро ба даст гирифтанд.
Роҳбарияти Хадамоти шиносномадиҳии шаҳри Хуҷанд ва муассисаи таълимӣ муҳити хотирмон ва фазои идонаро фароҳам оварда шиносномаҳои омодагардидаро бо тантана ба хонандагон супориданд.
Дар оғоз вобаста ба муҳимияти шиноснома, тартиби соҳиб шудан ва истифодаю нигоҳдорӣ ба онро ба наврасон фаҳмониданд. Таъкид гардид, ки дар муносибатҳои ҷамъиятӣ шиноснома ягона ҳуҷҷате мебошад, ки заминаи дигар ҳуҷҷатгузориҳо тавасути он гузошта мешавад. Гирифтани шиноснома гувоҳии расидан ба синни камолот ва комилҳуқуқии шахс мебошад. Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ сардори ХШБ шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд подполковники милитсия Муҳаммадхон Ҷаҳонгирзода оид ба низом ва қоидаҳои шиносномадорӣ ба ҳозирин маълумот дода, перомуни дури ҷустан аз кирдорҳои зидиҳуқуқӣ, интихоби тарзи ҳаёти солим ва касби мувофиқ тавсияҳои муфид дод. Гуфта шуд, ки ҳар як пайравӣ ба одатҳои бад ба камолоти шахс таъсири манфӣ мерасонад.
Чорабинӣ хотирмон ҷамъбаст гардид.







