01 Июнь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз, яъне 1-уми июн дар Боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд Иди кӯдакон дар сатҳи баланд ва пуршукуҳ таҷлил гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ҳайати ҳамроҳонашон ба майдони идгоҳ ворид гардида, шодишарики кӯдакон шуданд.
Дар даромадгоҳи боғ тарбиятгирандагони Кӯдакистони Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд бо маҳорати хосса ва малакаю истеъдод суруду таронаҳо хонда, саҳначаҳои ҷолиби ватандӯстона нишон доданд.
Аҳли тарбиятгирандакони муассисаҳои томактабии шаҳри Хуҷанд бо барномаи фарҳангӣ, мааърифатӣ ва варзишӣ табъи меҳмононро болида намуданд.
Аз тарафи Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ба кӯдакон тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.
Ғолибони озмуни Академияи хурди илмҳо ва аъзои он ба Роҳбари вилоят Раҷаб Аҳмадзода ҷиҳати дастгириву ғамхориаш миннатдорӣ баён намуданд.
Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки ба узви ҳақиқӣ ва вобастаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, эшон дар замони таътил ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда шаванд.
Ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, хонандагони эҷодкор аз дастовардҳои хеш ба Раиси вилояти Суғд маълумот дода, шеъру таронаҳои эҷодкардаашонро дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Пешвои миллат ва ғайраҳо ироа намуданд.
«Шаҳраки саломатӣ», ки маҳсули дастранҷи ҷомеаи табибони вилоят буд, аз усулу равишҳои нави табобату муолиҷаи наврасону кӯдакон ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонаш иттилоъ доданд. Варзишгарони наврасу ҷавони вилоят маҳорати хешро дар гӯштингирӣ, дзюдо, теннис, шоҳмот, шашка, карате ва ғайра нишон дода, ваъда намуданд, ки ҳамеша Парчамбардори меҳнати азизи хеш мегарданд.
Гӯшаи зиндааи табиат, ки аз тарафи муҳассилини макотиби шаҳру навоҳии вилоят омода карда шуда буд, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода чорабинии тантанавиро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ифтитоҳ намуда, эшонро бо Рӯзи идашон табрик намуд.
Роҳбари вилоят зимни суханронии худ аз ҷумла афзуд, ки «Ба шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кўдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дорад.
Боиси таъкид аст, ки ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, солимӣ ва хушбахтии онҳо ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумат қарор дошта, ҷиҳати дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Ба ибораи дигар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, солимӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ояндаи онҳо пайваста ғамхорӣ менамояд.
Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Кӯдакон сарвати муҳимтарин, ояндаи неки имрӯзу фардои миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст. Барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрўз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд”.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имсол дар соли таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Вобаста ба ин, кӯдакону наврасон бояд ҳамчун насли хушбахти даврони истиқлол барои азхуд кардани илмҳои замонавӣ, технологияҳои муосир кӯшиш намуда, бо хониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ ворисони сазовори ин Ватани маҳбуб будани худро исбот намоянд.
Барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки кӯдакон табъи ҳозиринро болида намуд.
Бояд қайд намуд, ки дар тантанаҳои идонаи боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» беш аз 30 ҳазор нафар кӯдакону наврасон бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ иштирок ва бо фараҳмандӣ Иди хешро таҷлил намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







