(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар МТХ «Литсейи инноватсионии Ҷавонӣ» чорабинии бошукӯҳи фарҳангиву идона баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани табрикии муовини аввали директор Ҷавоҳир Ашуров оғоз ёфт. Номбурда ҳозиринро ба муносибати ин рӯзи фархунда самимона табрик намуда, аз дастовардҳои назарраси муассиса дар соли таҳсили 2025–2026 ёдовар шуд.
Қайд гардид, ки соли таҳсили сипаришуда барои литсей соли муваффақият ва дастовардҳои назаррас ба ҳисоб меравад.
Аз ҷумла, ишғоли мақоми аввал аз ҷониби омӯзгори литсей дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии таҳти сарпарастии Пешвои миллат «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», соҳиби Ҷоми байналмилалӣ гардидани хонандагони муассиса дар олимпиадаи байналмилалии робототехникии «Robotek Grand Tournament 2026» дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, ба даст овардани 6 медали тилло ва 2 медали нуқра дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика таҳти унвони «Komodo Mathematics Olympiad 2026» дар ҷазираи Балии кишвари Индонезия, ишғоли 10 ҷойи намоён дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ, инчунин шарафёб гардидани 3 нафар хонандаи муассиса ба Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 нафар ба Стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд аз муҳимтарин дастовардҳои муассиса арзёбӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ ғолибони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Хуҷанд бо Ифтихорномаи муассиса қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол байни хонандагони муассиса мусобиқа барои дарёфти Ҷоми «JAVONI CUP-2026» баргузор гардид, ки дар натиҷа дастаи хонандагони синфи 8 “А” соҳиби унвони қаҳрамонӣ гардида, бо Ҷоми фахрӣ қадр карда шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ хонандагони синфҳои 1 ва 4 бо барномаҳои рангини фарҳангӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва олмонӣ суруду рақс ва композитсияҳои адабиро манзури тамошобинон гардониданд.
Чорабинӣ дар фазои сулҳу ваҳдат, дӯстӣ ва ифтихор аз Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст гардида, дар анҷом хонандагон муҳаббату садоқати худро нисбат ба Пешвои муаззами миллат бо иҷрои суруди дастаҷамъона иброз намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...