28 Май 2026
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
- мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр;
- мудири бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳр;
- сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр 2 ҷой;
- сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳр;
- сармутахассиси шуъбаи сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр;
- мутахассиси пешбари бахши нақлиёт ва алоқаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр;
- мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо маҳалҳои дастгоҳи Раиси шаҳр;
- мутахассиси шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр
Талабот аз довталабони мансаби хизмати давлатии категорияи 3:
талабот: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Талабот аз довталабони мансаби хизмати давлатии категорияи 4:
талабот: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Талабот аз довталабони мансаби хизмати давлатии категорияи 5:
талабот: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Талабот аз довталабони мансаби хизмати давлатии категорияи 6:
талабот: таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Талабот аз довталабони мансаби хизмати давлатии категорияи 7:
талабот: таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона сурат акси андозаи 3х4);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи шаҳодатномаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038;
- маълумотнома оид ба доғи судӣ;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати харбиро адо намудаанд)
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
ш.Хуҷанд, хиёбони Р.Набиев №39, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ошёнаи 7, утоқи №710, телефон 4-67-01, 4-67-04.
Мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо на камтар аз 21 рўз аз рўзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун муайян шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







