28 Май 2026
Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд" бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи забономӯзии шаҳрвандон омӯзиши ройгони забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, хитоӣ ва кореягӣ)-ро ба роҳ мондааст.
Хоҳишмандон, метавонанд ба курси думоҳа пурра ройгон таҳсил намуда, малакаи забондонии худро баланд бардоранд.
Суроға: ш Хуҷанд кӯчаи Камоли Хуҷандӣ 16
Маълумоти муфассал тариқи тел:
92-989-96-96
92-788-95-38
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







