27 Май 2026
Мардуми шарифи Хуҷанди бостонӣ бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, фазои орому амну осоиштагӣ ва рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ Иди саиди Қурбонро таҷлил намуданд.
Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масчиди марказии Шайх Маслиҳаддини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, ҳозиринро бо Иди Қурбон таҳният гуфтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фазилатҳои Иди саиди Қурбон таъкид намудаанд: «Фарҳанги иди Қурбон таҷассумгари имону садоқат ба Худованд буда, маънӣ ва фалсафаи он ба қадри якдигар расидан, ба ҳамдигар муҳаббату дӯстӣ варзидан, аз ихтилофу парокандагӣ худдорӣ кардан, ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон ва махсусан падару модарон, шукронаи умр ва неъматҳои зиндагӣ, аз ҷумла оромиву субот мебошад».
Боиси таъкид аст, ки дар фарҳанги ғании гузаштагони мо масъалаи некиву некӯкорӣ, омӯхтани илму маърифат, дар роҳи садоқату ростӣ тарбия намудани фарзанд, раҳму шафқат, эҳтироми волидайн ва насли калонсол, анҷом додани корҳои бунёдкорию созандагӣ ҷойгоҳи хоса дошта, дар таълимоти намояндагони барҷастаи фарҳангу маънавияти мо нуктаҳое баён гардидаанд, ки ҷавҳари онҳо дар тамоми ҷашну маросими аҷдодиамон ба таври равшан инъикос ёфтаанд.
Дар айёми Иди Қурбон аз ҳоли наздикони худ хабар гирифтан, бо истифода аз имконияти молӣ ба шахсони ниёзманд, инчунин беморону азодорон, ятимону маъюбон ва камбизоатону эҳтиёҷмандон дасти ёрӣ дароз намудану онҳоро шод сохтан, бунёд намудани роҳу пул, бунгоҳи тиббӣ, мактабу кӯдакистон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки савоби зиёд доранд.
Аз ин лиҳоз, дар меҳвари таълимот ва ҳикмати Иди Қурбон низ масоили муҳими марбут ба амалҳои дорои садақаи ҷория ҷойгоҳи муҳим дорад.
Мо аз он ифтихормандем, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат сокинони кишвар моҳияти таълимоти инсонпарваронаи дини исломро дуруст дарк намудаанд ва анҷом додани амалҳои хайру инсондӯстона ба анъанаи беҳтарини мардум табдил ёфтааст.
Дар баробари ин, зарур аст, ки бо дарки воқеии хатарҳои ҷаҳони муосир ва дар бархе аз минтақаҳои олам осебпазир гардидани оромию осоиштагӣ ба масъалаҳои ваҳдату ягонагӣ ва гиромидошти арзишҳои волои истиқлолу озодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем ва дар соли омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон содиқонаву софдилона заҳмат кашем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







