26 Май 2026
ИДИ ҚУРБОН – РАМЗИ НЕКИВУ МУҲАББАТ
Шаҳрвандони гиромӣ, ҳамшаҳриёни азиз!
Ба шарофати истиқлоли давлатӣ суннату анъанаҳои неки ниёгон, маросими милливу динӣ эҳё гардида, иди Қурбон аз ҷумлаи он суннатҳои муrаддаси мардуми мусулмони мо маҳсуб меёбад, ки ҳамасола таҷлил мегардад.
Иди Қурбон беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили сабру таҳаммул, некиву некӯкорӣ, раҳму шафrат, бахшиши гуноҳ, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу табор, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон, хайру эҳсон ба ятимону маъюбон ва дармондагону ниёзмандонро дар худ таҷассум мекунад. Имсол ин иди суннатӣ ба рӯзи 27-уми моҳи май рост омад.
Ба ин муносибат, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фарорасии Иди саиди Қурбонро ба ҳамаи шумо, сокинону меҳмонони Хуҷандшаҳри азиз шодбод гуфта, ба хонадонатон осоишу ободӣ, саодати рўзгор ва тани сиҳату хотири ҷамъ орзу менамоям.
Боиси сарфарозист, ки мардуми Хуҷанди бостонӣ мисли дигар шаҳру навоҳии кишвар Иди саиди Қурбонро, ки аз беҳтарин арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ саршор аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, саъю талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол намуда истодааст.
Ба шарофати сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросими суннатию динӣ соҳиби имконияти васеъ гардид.
Роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо бо аҳли ҷомеа таъкид мекунанд, ки: “Мардум ба ҷои корҳои дуввумдараҷа ба амалҳои хайру савоб аз rабили кӯмак кардан ба хешу табори наздики ниёзманд, таъмири хона, дару бом ва расонидани ёрмандӣ барои пурра кардани маводи рӯзгор ба хешу табори наздики ниёзманд, таъмиру тармими роҳ, мактаб, китобхона, беморхона ё бунгоҳи саломатии деҳаи худ машuул шаванд”.
Воқеан ҳам, хайрхоҳу дастгири бенавоёну бечорагон будан беҳтарин хислати инсонӣ буда, аз фазилатҳои Иди Қурбон маҳсуб меёбад. Ба шарофати он дастархони оилаҳои камбизоату ниёзманд ғанӣ мегардад, инсонҳои соҳибдилу ғамхор сари ятимонро сила мекунанд, ба аёдати пирону барҷомондагон ва одамони яккаву танҳо мераванд, меҳру муҳаббати ҳамагон афзоиш меёбад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва соҳибкорону шахсони саховатманд дар арафаи ин иди суннатӣ маъюбону дармондагон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кўдакони ятиму бепарасторро аёдат намуда, бо маводи озуқаву кўмакҳои моддӣ таъмин мекунанд.
Дар замони пуртаззоди муосир гурӯҳҳои иртиҷоии ҷаҳон амалҳои зиштро ба роҳ монда, бо номи дини мубини ислом дар зеҳни наврасону ҷавонони ноогоҳ мафкураи терроризм ва экстремизмро ҷорӣ намуда истодаанд. Барои эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии ин раванд мо бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф диҳем, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри навин ҳифз намоем ва ваҳдати миллиро махсусан дар миёни наврасону ҷавонон таҳким бахшем.
Боварии комил дорам, ки минбаъд низ мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ пуштибонии худро аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода идома бахшида, баҳри сазовор истиқбол кардани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, боз ҳам ободу зебо гардидонидани шаҳри азизамон саҳми босазо хоҳад гузошт.
Бори дигар, фарорасии Иди Аззҳо, иди саиди Қурбонро ба кулли ҳамшаҳриён ва меҳмонон муборакбод мегӯям, барояшон хушнудии хонадон, амалишавии орзуву ниятҳои некашонро таманно карда, умед дорем, ки дастурхонашон ҳамеша пур аз нозу неъмат, фарзандонашон щамхору меҳрубон, кишварамон ваҳдатобод ва осмонамон софу беғубор бошад.
Иди Аззҳо муборак!







