(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШоми 25 май дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали футбол баргузор гардид, ки дар он дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ҷавонону наврасон ва дӯстдорони варзиш иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуда, кулли футболбозон, мураббиён, доварон ва мухлисони футболро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик гуфт. Зикр гардид, ки варзиш яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни инсонҳо буда, ҳамчун воситаи муҳими муттаҳидсозии халқу миллатҳо нақши муассир дорад.
Таъкид карда шуд, ки варзиш аз қадимулайём ҳамқадами аҷдоди номвари мо буда, намудҳои гуногуни он байни мардум маҳбубияти зиёд доштанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ин анъанаҳо бо мазмуну муҳтавои нав эҳё гардида, рушди варзиш ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтааст.
Раиси вилоят иброз дошт, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, махсусан футбол таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Зеро футбол имрӯз ҳамчун яке аз маъмултарин ва дӯстдоштатарин намудҳои варзиш барои рушди ҷисмониву маънавии наврасону ҷавонон аҳаммияти бузург дорад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки соли 2024 Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қатъномаи махсусро оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд, ки ин ташаббуси таърихӣ мақому нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт.
Дар фестивал дастаҳои “Хуҷанд”, “Эсхата”, “Истаравшан”, “Парвоз” ва дигар ҳайатҳои ҷавонону наврасон барномаи омоданамудаи худро манзури ҳозирин гардониданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ҳамаи футболбозон, мураббиён, доварон ва дӯстдорони футбол саломатии бардавом, рӯҳияи баланд ва дастоварду пирӯзиҳои нав ба нав орзу карда, ба ғолибони мусобиқаҳо туҳфаву ҷоизаҳо ва ба беш аз 500 нафар наврасону иштирокчиёни фестивал тӯб тӯҳфа намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...