25 Май 2026
Шоҳҷоизаи озмуни шаҳрии «Донояк» насиби тарбиятгирандаи кӯдакистони №1 Дилафрӯз Муҳаммадӣ гардид.
Шоҳҷоизаи озмуни шаҳрии «Донояк» миёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Хуҷанд насиби Дилафрӯз Муҳаммадӣ, тарбиятгирандаи муассисаи таҳсилоти томактабии №1 гардид.
Номбурда бо донишу заковат, маҳорати суханронӣ, истеъдоди эҷодӣ ва иштироки фаъолонаи худ миёни иштирокчиён мақоми баландро соҳиб шуда, сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни «Донояк» бо мақсади рушди қобилияти зеҳнӣ, эҷодӣ ва омодасозии кӯдакон ба таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ баргузор мегардад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







