22 Май 2026
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷавонон аз оилаҳои ниёзманд Алишер Тошматов, Мавҷуда Қодирова ва навраси бемор Абдураҳмон Холматовро хабар гирифта, онҳоро бо Рӯзи ҷавонон табрик намуд.
Зимни суҳбат Раиси вилоят таъкид дошт, ки ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, дастгирии онҳо ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат қарор дорад.
Қайд гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва таҳсилу фаъолият ба ҷавонон тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодааст.
Раҷаб Аҳмадзода ба ҷавонон туҳфаҳо супорида, барояшон саломатӣ ва муваффақиятҳои беназир орзу намуд.
Ҷавонон барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти давлату ҳукумат изҳори сипос намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







