05 Май 2026
Недоступен ни однин перевод.
Санаҳои 1–3 май дар шаҳри Душанбе Олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ байни хонандагони синфҳои 7–8 баргузор гардид, ки дар он хонандагони Муассисаи таълимии хусусии «Литсейи инноватсионии Ҷавонӣ» иштироки фаъолона намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Боиси ифтихор аст, ки аз муассисаи мазкур 5 нафар хонанда дар даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанҳои забони англисӣ, забони русӣ ва таърих сазовори ҷойҳои намоён гардида, нуфузу эътибори литсейро дар сатҳи ҷумҳурӣ баланд бардоштанд.
Ба ин муносибат, имрӯз дар литсей маросими бошукӯҳи истиқболи ғолибон баргузор гардид. Ғолибон аз ҷониби роҳбарияти муассиса, омӯзгорон, хонандагон ва волидайн дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифта шуданд.
Роҳбарияти литсей бо мақсади қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии хонандагони болаёқат ба ғолибон Ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманд тақдим намуд. Ҳамзамон, ба волидайни хонандагон барои дастгирӣ, тарбияи дуруст ва саҳми арзандаашон дар муваффақияти фарзандон Сипосномаи муассиса супорида шуд.
Ин дастовард бори дигар собит намуд, ки дар Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ» ба рушди зеҳнӣ, илмӣ ва эҷодии хонандагон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, барои муаррифии шоистаи онҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Пирӯзии хонандагони Литсей — ифтихори тамоми ҷомеаи литсей аст!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







