28 Апрел 2026
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии муовини нави Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода қарори хешро ба тасвиб расонд, ки тибқи он Азамат Азимӣ ба вазифаи муовини Раиси шаҳр- сарпарасти соҳаҳои рушди иқтисодиёт, саноат ва энергетика таъин гардид.
Ғолиб Шарифзода, мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд зимни муаррифии кадри тозатаъин гуфт, ки Азамат Азимӣ, 28 апрели соли 1990 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2012 Донишгоҳи давлатии сервиси Москваи Федератсияи Россияро бо ихтисос молия ва қарз хатм намудааст. Номзади илмҳои иқтисод мебошад.
Мавсуф фаъолияти меҳнатии худро соли 2012 ба ҳайси муҳосиб-ҳисобчии Кумитаи марказии Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан дар ин ташкилот дар вазифаҳои сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Раёсати корҳои Кумитаи марказии Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сармуҳосиби шуъбаи муҳосиботи Кумитаи марказии Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор намудааст.
Солҳои 2014-2015 муҳосиб – ҳисобчии шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва солҳои 2015-2017 Бозраси пешбари шуъбаи назорати Бонкии шуъбаи минтақавии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намуда, аз соли 2017 омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкории Донишкадаи иктисод ва савдои ДДТТ мебошад.
Азамат Азимӣ то таъин шудан дар вазифаи муовини Раиси шаҳр дар маснади сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият дошт. Оиладор соҳиби се фарзанд мебошад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода муовини тозатаъини худ Азамат Азимиро баҳри амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода даъват намуд.
Таъкид карда шуд, ки эшон вазифа ва масъулияти роҳбариро бо тарзу усулҳои муосир, меҳнати софдилона баҳри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар ниҳодҳои зери роҳбарияш роҳандозӣ намояд.
Бояд хотирнишон сохт, ки муовини Раиси шаҳр сарпарасти соҳаҳои рушди иқтисодӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи иқтисодӣ – иҷтимоӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, саноат ва энергетика, сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатӣ, савдои дохили ва берунӣ, роҳбарии умумиро барои татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи саноат ва энергетикаи шаҳр ба зимма дошта, таъминоти фаъолияти босамари тамоми коргоҳҳои саноатӣ ва барқию газ ва ғайраро дар доираи ваколатҳои худ ба роҳ мемонад.
Азамат Азимӣ, муовини Раиси шаҳр минбаъд сарпарасти соҳаҳои зерин: шуъбаи иқтисод ва савдо, бахши саноат ва энергетика, бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи муҳоҷират, нозироти андоз, раёсати молия, раёсати омор, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, идораи Тоҷиксуғурта дар шаҳр ва Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Дар ин ҷаласа ҳамзамон Эҳсон Саидов, ки бо пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва розигии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 27-уми апрели соли равон ба вазифаи сардухтури беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 таъин гардида буд, муаррифӣ гардид.
Кадрҳои навтаъиншуда барои интихоб ва боварӣ ба Роҳбарияти олии мамлакат миннатдории хешро расониданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







