9808
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
24 Апрел 2026
Дар МТМУ№22-и шаҳри Хуҷанд баҳри дар амали татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти нишондодҳои "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2020-2040», Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии шаҳр аз фанҳои математика, забони давлатӣ, забони англисӣ, забони русӣ ва табиатшиносӣ олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид.
Дар даври ниҳоии олимпиада, 341 нафар ғолибони даври мактабӣ иштирок намуданд ва соли ҷорӣ бори аввал олимпиадаи фанни табиатшиносӣ байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ сурат гирифт.
Бояд қайд намуд, ки дар даври мактабии олимпиадаи синфҳои ибтидоӣ 3600 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.
Олимпиадаи мазкур дар шаҳри Хуҷанд аз соли 2018 гузаронида мешавад ва ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нав ва минбаъд тарбияву омода намудани онҳо ба олимпадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ мебошад.
Дар ҷараёни баргузории олимпиада мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Мадина Салимзода иштирок намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳадафи асосии мо пеш аз ҳама баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимӣ ба ҳисобдонӣ, муайян намудани хушзеҳнӣ, қобилияти фикрронӣ, дараҷаи саводнокӣ, дарёфт намудани хонандагони қобилиятнок, ташаккули маърифати омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, таваҷҷуҳ ба забономўзӣ, ҷалб ва омода намудани хонандагони болаёқат барои иштирок дар олимпиадаҳо мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд
Шарҳ додан