24 Апрел 2026
Санаи 22 апрели соли равон вохӯрии муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шуъбаҳои Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Шӯрои уламои дин дар маҳаллаи “Содирхони Ҳофиз”, толори Литсейи касбии техникии №44 доир гардид.
Вохӯрӣ ба мавзӯи пешгирии ифротгароии ҷомеа ва решакан намудани падидаҳои номатлуб бахшида шуда, дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт.
Дар чорабинии мазкур ба ҳайси намоянда аз КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Шӯрои уламои диништирок ва суханронӣ намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







