22 Апрел 2026
Дар МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи байналмилалии ёдбуди бартарафкунандагони садамаи барқи атомии Чернобил» чорабинии тарбиявӣ баргузор шуд.
Гулчеҳра Муҳаммадзода, директори МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки 26 апрели соли 1986 бар асари садама дар яке аз агрегатҳои Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил ҳодисаи мудҳиш ба вуқўъ пайваст. Бар асари он дар давлатҳои ҳамшафат ифлосшавии радиатсионӣ ба вуҷуд омада, аҳолии зиёд зарар дид. Садамаи радиатсионии Чернобил фалокати мудҳиштарини асри гузашта маҳсуб ёфта, таъсири манфии онро инсоният анқариб 35 сол ҷуброн менамояд. Пас аз ин ҳодисаи мудҳиши таърихӣ кулли мардуми собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба по хест ва барои бартараф намудани он камари ҳиммат баст. Сокинони сарбаланду ватанпарасти Хуҷанд дар ин ҳол дар канор намонданд ва беш аз 120 ҷавонмарди соҳибдил бо ҳисси баланди ватандўстӣ барои анҷом додани ин амали башардўстона ба ҷойи ҳодиса рафт. Бартараф кардани вайронаҳое, ки ба ҷисми инсон зарар-овар аст, кори саҳлу сатҳӣ набуд. Вале ҷавонмардони хуҷандӣ дар баробари сокинони ватани паҳнои шўравӣ собит намуданд, ки барояшон амнияти аҳли башар, ободии Ватан ва дўстии халқҳо аз ҳама авлотар аст. Садама марҳала ба марҳала бартараф шуд, аммо иштирокчиёни ин амали инсонгароёна ба бемориҳои радиатсионӣ гирифтор шуданд, дуру дароз табобат гирифтанд ва баъзеи онҳо бо ҳаёт падруд гуфтанд. Номи неку хотираи онон дар дафтари таърихи Ватан бо хати зар навишта шуд ва абадан боқӣ монд.
Дар чорабинӣ вобаста ба Иди Ғалаба низ саҳнаҳои ҷолиб намоиш дода шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







