21 Апрел 2026
Вохӯрии масъулин бо сокинон ва фаъолони маҳаллаи "Тиллокон" баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси кумитаи иҷроияи ХХДТ- и шаҳри Хуҷанд, Маҳмадсалим Ҳаитов, мудири шуъбаи кор бо маҳалҳои дастгоҳи раиси шаҳр Мурод Раҷабов, Имом хатиби масҷиди ҷомеи "Тақво" Икромов А ва намояндаи шуъбаи муҳоҷират шаҳр Ахмедҷонова В. иштирок ва баромад намуданд.
Дар мулоқот масоили муҳими ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ин иқдом бозгӯи таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр ба рушди иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандӣ ва таъмини суботи сиёсиву иқтисодӣ дар маҳаллаҳо мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







